Изҳороти тунди Кумитаи дин алайҳи шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ”

Кумитаи дин бо нашри як изҳорот шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ”-ро бо дурӯғпароканиву буҳтон ва иғвоангезиву найранг мехоҳад ба эҳсосоти динии мардуми Тоҷикистон нохун занад.

26-ум апрел, рӯзи якшанбе Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш изҳороте алайҳи шабакаи “Висоли ҳақ” изҳорот пахш кардааст. Барномаи ахири Муҳаммад Ансорӣ, муаллифи барномаҳои ин шабака, ки ба Тоҷикистон нигаронда шудааст, боиси ба миён омадани изҳороти Кумитаи дин шудааст.

Кумитаи дин мегӯяд, ки “нотавонбинону муғризонро суботу пешрафти Тоҷикистон нороҳат кардаасту забони туҳмату шаттоҳиро алайҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон боз кардаанд. Иддае аз гурӯҳҳои мутаассибу ҷоҳил бо истифода аз имконоти шабакаи ҷаҳонии Интернет, хоссатан шабакаҳои иҷтимоию моҳворавии хориҷӣ бидуни огоҳии дақиқ аз вазъи воқеии кишвари мо ба умури динии мардуми тоҷик дахолат намуда, ба хотири нохун задан ба эҳсоси мазҳабии эшон аз садҳо дурӯғу буҳтон ва иғвову найранг кор гирифта, хизмати хоҷагонашонро иҷро карда истодаанд”.

Аз шабакаи моҳворавии “Висоли ҳақ” ном бурда, муҷрии барномаи он Ансориро “муздури хоҷагони хориҷӣ, ки асосан сари мавзӯи ба қавле “маҳдудиятҳои динӣ” дар Тоҷикистон ҳарф мезанад” номидаанд.

Дар ин изҳорот гуфтаанд, ки “Ба андешаи ин шахс (Ансорӣ-TojNews) гӯё давлати Тоҷикистон аз фаъолияти “фоҳишахона” -ҳо дар кишвар пуштибонӣ мекунад ва дар муқобили ин иҷоза намедиҳад, то масҷиду мадрасаҳо бисозанд”.  Кумитаи дин мегӯяд, ки “дар асл пушти ниқоби ин ҳама иттиҳомот манофеи қудратҳои алоҳиддаи фаромиллӣ, гурӯҳӣ  ва ё инфиродӣ ҷой доранд ва ин ҳама дар гуфтор ва “муҳокима”-и яктарафаи ин нафар баръало дида мешавад”.

Дар изҳорот суол гузоштаанд, ки “агар ҳамаи иддаоҳои ин шахс муғризона ва дурӯғе беш набошад, чаро дар бораи ба қайд гирифта шудани беш аз чаҳор ҳазор масҷид дар замони соҳибихтиёрии кишвар сухан намегӯяд? Чаро аз фаъолияти муассисаҳои динии Тоҷикистон лаб намекушояд? Чаро аз боби дастгирии Роҳбари давлат нисбат ба арзишҳо, осор ва шахсиятҳои исломӣ, тарҷума ва интишори ройгони Қуръони карим, “Саҳеҳ”-и Бухорӣ, бузургдошти пешвои мазҳабии мо — Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, фароҳам сохтани фазо ва имконоти муносиб барои адои ҳаҷ ва умра ва амсоли инҳо ҳарфе намегӯяд???”

Кумитаи дин таъкид кардааст, ки “Мардуми мусулмони тоҷик дар гузаштаи наздик бо сабаби  дасисабозиву иғвоандозии чунин “ҳомиёни дин” ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашонида шуд, вале дар охир хиради мардуми тоҷик боло гирифту ҷанги хонумонсӯз хотима ёфт. Вале инак, боз ин майдонғарибон аз ҳар гӯшаву канор зери нағмаи хоҷагонашон доду вой мезананд”.

Дар барномаи “Висоли ҳақ” ҳукумати Тоҷикистонро ба он интиқод мекунад, ки пӯшидани ҳиҷобро манъ кардааст. Аммо Кумитаи дин дар изҳороташ мегӯяд, ки “дар кишвари мо чунин қонуне, ки пӯшидани либоси исломиро мамнуъ эълом дорад, қабул нагардидааст ва Роҳбари давлат низ дар ин робита дастури мушаххасе надодааст.  Танҳо Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии кишвар ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ хоҳарон ва модарони мо ба ҷои тақлид ба бегонагон  аз пӯшиши миллие истифода намоянд, ки дар худ ҳам меъёрҳои муқаррарнамудаи динӣ ва ҳам унсурҳои фарҳангии ниёконро ифода намояд”.

http://www.tojnews.org/tj/news/izkhoroti-tundi-kumitai-din-alaykhi-shabakai-televizionii-visoli-khak

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *