Изҳороти созмонҳои журналистӣ оид ба латукӯби Сайфуллозода

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии ахбори оммаи мустақили Точикистон, Медиа Алянси Тоҷикистон ва Бунёди «Индем» бо пахши як баёния ҳодисаи аз ҷониби ашхоси номаълум ба таври ваҳшиёна мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтани сармуҳаррири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозодаро маҳкум карда, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ва ба таври ҷиддӣ тафтиш шудани қазияи мазкурро талаб доранд.«Субҳи рӯзи 7-уми феврали соли 2011 Ҳикматулло Сайфуллозода аз ҷониби бадхоҳони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифта, ба таври ваҳшиёна латукӯб шуд. Сабаби латукӯб шудани Сайфуллозода ҳанӯз аниқ нест. Бо вуҷуди он, дар ҷомеаи демократӣ сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатии на танҳо журналист ва шахси маъруф, балки ҳар як шаҳрванд қобили қабул нест. Бо чунин тарз қасос гирифтан аз одамони номақбул ҷиноят буда, мутобиқи қонун бояд ҷиддан мавриди ҷазои сахт қарор бигирад. Баъзе коршиносон ҳодисаи мазкурро ба фаъолияти касбии журналистии Ҳикматулло Сайфуллозода марбут медонанд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО омода ҳастанд, ки ин ҳодисаро мавриди таҳқиқи журналистӣ қарор дода, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои фош кардани ҷинояти мазкур мусоидат намоянд. Ошкор намудани ҷиноят оид ба ҳодисаи ҳамла ва латукӯб кардани Ҳикматулло Сайфуллозода марбут ба обрӯю эътибори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои босалоҳияти давлатии Тоҷикистон мебошад,- омадааст дар изҳороти дастҷамъии созмонҳои журналистӣ.

Ёдовар мешавем, ки Ҳикматулло Сайфуллозода дар баробари кор карданаш дар маркази таҳлилии «Диалог», соли гузашта сардабирии ҳафтаномаи «Наҷот» — нашрияи расмии ҲНИТ-ро бар ӯҳда гирифт.

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=11395&Itemid=30

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *