Субҳи 2-юми март аз номи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар Фейсбук “изҳороти баъди интихоботӣ” нашр шуд, ки аз баргузории ин маърака дар “фазои суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ” ситоиш мекунад.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ва номзад дар ҳавзаи якмандатаи Қумсангир субҳи 2-юми март ба TojNews гуфт, ки аз нашри изҳорот хабар дорад, аммо онро нафарҳои дигар нашр кардаанд. Ӯ мегӯяд: “Ҳудуди ду ҳафта мешавад, ки ба саҳифаи фейсбукиаш дастрасӣ надорад, онро шикастанд. Талошҳои мо барои барқарор кардани саҳифа бенатиҷа анҷом ёфт. Зеро шумораи телефон ва е-майли маро дар саҳифаи фейсбукиам иваз кардаанд”.
Ин аввалин ҳодисаи тахриб кардани саҳифаи фейсбукии мухолифони Ҳукумат ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар арафаи интихобот нест. Чанде пеш Файзинисо Воҳидова, адвокати маъруф дар вилояти Суғд эълон дошт, ки чандин бор саҳифаи фейсбукии ӯро шикастаанд, аммо ӯ низ ҳар навбате, ки мешикананд боз барқарор кардааст.
Чандест, ки саҳифаи Сайибюнуси Истаравшанӣ, рӯҳонии тоҷики муқими Эрон низ шикаста шудааст. Аз номи ӯ изҳоротҳои гуногун нашр мешавад.
http://www.tojnews.org/tj/news/izkhoroti-sitoishomez-az-nomi-suhangui-khnit