IWPR сомонаи навашро фаъол мекунад

Институти ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ (IWPR) сомонаи нави худро фаъол мекунад. Дар ин бора ба Faraj.tj намояндаи Институти ҷанг ва сулҳ хабар дод.

Мувофиқи маълумоти манбаъ, сомонаи мазкур бо унвони “Бюрои рӯзноманигории таҳлилии Осиёи Марказӣ (Central Asian Bureau for Analytical Reporting) фаъолият хоҳад кард.

Сомонаи CABAR — www.cabar.asia дар доираи лоиҳаи Институти ҷанг ва сулҳ (iwpr.net) ба роҳ монда шудааст.

Бино ба иттилои IWPR, кормандони сомонаи мазкурро худи намояндагиҳои Институт дар Осиёи Марказӣ, яъне Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.

Ҳадафи CABAR ҳамкорӣ намудан бо ВАО, институтҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ мебошад, ки баҳри бартараф намудани монеаҳои мавҷуда роҳандозӣ шудааст.

http://faraj.tj/news/7387-iwpr-somonai-navashro-faol-mekunad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *