Намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон ба 14 нафар журналисти ҷавони шаҳри Душанбе ва вилояти Бадахшон аз 21 то 24 декабри соли равон дар мавзуи «Стандартҳои байналхалқии инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон» семинар-тренинги омӯзишии 4 рӯза баргузор намуд.
Мақсади асосии баргузории ин силсила тренингҳо омода намудани мақолаҳои таҳлилии дар доираи касбӣ дар мавзуи пешгирии ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон, инчунин фароргирии ҳуқуқҳо ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз маводи мултимедиявӣ ва технологӣ арзёбӣ мегардад.
Лола Олимова ва Аҳлиддин Салимов тренерони дар тӯли 4 рӯз ба журналистон Меъёрҳои байналмилаии журналистӣ, тарзи пешниҳоди мақолаи таҳлилӣ, пешгирии ҷавонон аз пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тандгаро ва ҳамзамон кор бо смартфонҳо тариқи барномаҳои интернетии хеле ҷолиб омӯзониданд.
Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа мебошад.
Мавриди зикр аст, ки чунин давраҳои омӯзишӣ аз ҷониби ташкилоти мазкур ҳамзщамон дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон гузаронида шуд.