[b]Иттиҳодияи Урупо бори дигар дар бораи қазияи боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон нигаронии худро иброз доштааст.[/b]
Дар баёнияи Катерин Эштон, намояндаи умури хориҷии Иттиҳодияи Урупо дар Ландан ва муъовини раиси Иттиҳодияи Урупо, омадааст, ки ин иттиҳодия бар нигаронии худ дар заминаи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, таъкид мекунад.
Ин баёния дар пайи мусоҳибаи Мая Касиянчич, сухангӯйи хонуми Эштон, бо Би-би-сӣ мунташир шуд.
Хонуми Касиянчич гуфт, ки шарикони урупоии Тоҷикистон ҳамзамон бо нигарониҳояшон аз вазъи озодии матбуъот дар ин кишвар ин қазияро таҳти назар доранд.
Вай афзуд дар ҳоле ки Иттиҳодияи Урупо аз боздошти оқои Усмонов дилвопас аст, ин созмон итминони Би-би-сиро дар бораи ин, ки вай бо созмони Ҳизби Таҳрир ҳеч иртиботе надорад, пазируфтааст.
Хонуми Касиянчич ба Би-би-сӣ гуфт: “Мо аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, ки иддаъоҳо дар бораи бадрафторӣ нисбат ба оқои Усмонов ва нақзи муқаррароти қонун ба ҳангоми боздошташро таҳқиқ кунанд. Мо ҳамчунин исрор мекунем, ки оқои Усмонов ба муҳокимаи одилона ҳақ дорад.”
Иттиҳодияи Урупо, ба гуфтаи хонуми Касиянчич, раванди таҳқиқи парвандаи оқои Усмоновро тавассути суфарои кишварҳояш дар Душанбе ва Бруксел ва тавассути Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо пайгирӣ мекунад.
Иттиҳодияи Урупо ҳамчунин дар бораи вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва мегӯяд, ки дар солҳои ахир дар ин кишвар раванди манфие, назири масдуд кардани сойтҳо ва фишор бар нашрияҳо ва чопхонаҳо тавассути мақомоти давлатӣ мушоҳида шудааст.
Сухангӯйи муъовини раиси Иттиҳодияи Урупо гуфт: “Ин раванд тавсеъаи чандандешӣ, матбуъоти озод ва мустақил дар кишварро, ки мо тарафдораш ҳастем, таҳдид мекунад. Ва мо исрор дорем, ки давлати Тоҷикистон ин раванди манфӣ дар робита бо озодии матбуъотро маъкус кунад (баргардонад).”
Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ тавассути маъмурони интизомӣ боздошт шуда ва сипас, ба идораи амнияти маҳаллӣ дар вилояти Суғд таҳвил дода шуд. Пайвандони ин хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар Хуҷанд танҳо пас аз як рӯз дар бораи боздошти ӯ огоҳ шуданд.
Дар ҳоле ки нигарониҳое дар бораи вазъи саломатӣ ва эҳтимоли бадрафторӣ ва озори ҷисмонӣ нисбат ба оқои Усмонов матраҳ буд, оқои Усмонов танҳо пас аз гузашти як ҳафта бо вакили мудофеъаш барои бори нахуст дар ҳузури маъмурони амниятӣ дидор кард.
Қаблан оқои Усмонов ба узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби Таҳрир муттаҳам шуда буд, аммо ахиран вакили мудофеъи вай гуфт, ки тафтишоти муқаддамотӣ далоил барои исботи чунин иттиҳомро рад кардааст.
Акнун ҷониби бозрасӣ талош дорад, оқои Усмоновро ба пинҳон нигоҳ доштани «иттилоъоти зарурӣ барои мақомот» дар бораи фаъолияти аъзои Ҳизби Таҳрир муттаҳам кунад.
Аммо вакили мудофеъи оқои Усмонов мегӯяд, ин хабарнигори Би-би-сӣ иттилоъотеро, ки дар мавриди ин ҳизб дар ихтиёр дошт, дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигорияш наметавонист ба мақомот таҳвил бидиҳад.
Шабакаи хабарии Би-би-сӣ, сафоратҳои кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон ва созмонҳои мухталифи мудофеъи ҳуқуқи башар, монанди Иттиҳодияи Урупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, Гузоришгарони Бидуни Марз, Афви Байналмилал, Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон, Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон ва дигарон аз роҳи интишори баёнияҳо, изҳорот ва мусоҳибаҳо нигаронии шадиди худро аз боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар ин кишвар иброз доштаанд.
Рӯзи чаҳоршанбеи 29 июн ва ҳар чаҳоршанбе то замони озод шудани Ӯрунбой Усмонов дар рӯбарӯйи сохтмони Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ дар Ландан ҳамоиши эътирозии хабарнигорони Би-би-сӣ нисбат ба ин қазия баргузор мешавад.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110629_sq_urunboy_eu.shtml