Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали раиси ҲХДТ гуфтааст, ки ҳизби онҳо барои таблиғ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурдааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ҳизб, ин нуктаро Фаттоҳзода дар мулоқот бо Миклош Ҳарастӣ ва ва Даря Папротска, намояндагони масъули Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба назорати интихобот ва ҳуқуқи инсон гуфтааст. Муовини аввали раиси ҲХДТ охири ҳафтаи гузашта бо намояндагони САҲА мулоқот карда, дар бораи натиҷаи муқаддамотии интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ суҳбат караанд.
Фаттоҳзода гуфтааст, ки ҲХДТ воқеан аз тамоми имконоти қонунии маъаракаи интихоботӣ ба шумули расонаҳо, мулоқоту вохӯриҳо ва таблиғоти “хона ба хона” ба таври самарабахш истифода кард.
Интихоботи парламентии Тоҷикистон 1-уми март баргузор шуд, ки тибқи эълони КМИР аз 22 курсии ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ ҲХДТ соҳиби 16 курсӣ шуд ва ба ҷонибдории ин ҳизб 65,2% раъй додаанд.
Нозирони САҲА эълон карданд, ки интихоботи парламентии Тоҷикистон дар фазои маҳдуди сиёсӣ ва бидуни майдони муносиб барои мубориза баргузор шуд. 2-юми март дар як нишасти хабарӣ нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) эълон карданд, ки дар интихоботи парламентии Тоҷикистон баъзе алтернативоҳои сиёсиро пешниҳод карда буданд, аммо фазои ташвиқотӣ маҳдуд ва барои ҳисоби одилонаи овозҳо кафолат набуд.
Миклош Ҳарасти дар ин нишаст гуфта буд, ки интихоботи демократии воқеӣ наметавонад бидуни баҳсҳои аслӣ дар ВАО, маъмурияти мустақили интихобот ва муҳити озод аз репресия баргузор шавад. Муттаасифона, гуфтаҳои боло ҷой надоштанд.