Исмоилов аз ҳукми Суди Мастчоҳ шикоят мебарад

Маҳмадюсуф Исмоилов, собиқ хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», ки имрӯз, 28-уми октябр, бо ҳукми Суди ноҳияи Мастчоҳ барои тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ ба мӯҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуд, ҳукми судро нисбаташ ноодилона медонад.

Дар ин бора ба TojNews Садриддин Саидов, вакили дифои Маҳмадюсуф Исмоилов, иттилоъ дода, гуфт, «рӯзҳои наздик ба зинаи болоии судӣ шикоят хоҳад бурд».

Вакили дифои Исмоилов гуфт, «Суд Маҳмадюсф Исмоиловро бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати 11 сол дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр, ҳамчунин, муваззаф кардааст, 6 ҳазор сомонӣ пули афроди ҷабрдидаро, ки аз роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардааст, бозпас гардонад».

Мувофиқи ин ҳукми суд, Маҳмадюсуф Исмоилов баъд аз раҳоӣ аз зиндон наметавонад тӯли панҷ сол ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Маҳмадюсуф Исмоилов, ки ба тамаъҷӯӣ айбдор мешавад, аз Суд 14 соли зиндонро талаб карда буд.

Адвокати рӯзноманигор Садриддни Саидов дар мурофиа гуфт, «айбҳои эълоннамуда нисбати Исмоилов дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ исботи худро наёфтанд ва далели сабти овоз аз сӯҳбати телефонии Маҳмадюсуф Исмоилов, ки гӯё тамаъҷӯӣ кардааст, фикри айбдориро собит накардааст».

Худи Маҳмадюсуф Исмоилов дар рӯзи аввали мурофиаи судиаш, ки 22-юми октябр шурӯъ шуда буд, гуфт, ки «худро гунаҳкор намеҳисобад».

http://www.odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=190%3A2013-10-29-10-13-19&catid=1%3A2011-11-19-11-50-21&Itemid=89&lang=tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *