Ислоҳоти замин ва ВАО

Имрӯз 23 апред Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо ҳамкории лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон барои хабарнигорони минтақаи Қурғонтеппа семинари омӯзиширо дар мавзуи “Ислоҳоти замин ва ВАО” баргузор намуд.

Дар ин семинари омӯзишӣ сармуҳаррирон ва намояндагон аз 12 навоҳии минтақаи Қурғонтеппа, хабарнигорони дигар нашрияҳо, ки 20 нафар буданд, иштирок намуда, малакахои худро  барои  инъикоси  босифати  ислоҳоти замин ва тачдиди хочагиҳои дехкониро сайкал медиҳанд.

Тавре, ки масъулини АМВАОМТ кайд карданд , фардо  24 апрел семинари омӯзиши барои кормандони кумитаҳои идораи замини 12 шаҳру навоҳие, ки бо ин Лоиха фаро гигирифта  шудаанд, баргузор мегардад.  Дар тренинги омузиши ба онҳо ҳамкории дурустро бо намояндагони ВАО  омузонда мешавад.  Омӯзиш барои хабарнигорон ва кормандони кумитаҳои идораи замин дар як моҳ як маротиба то 6 моҳ идома карда, дар охир  бо  озмун ҷамбаст мешавад.

Дар ин озмун беҳтарин маводҳои  журналистоне, ки  бо ин омузишҳо фаро гирифта шудаанд чамъоварӣ шуда,  ба бехтаринҳо чоизаҳо супорида мешавад.

Хабарнигори АМВАОМТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *