Интихоби раиси нави Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

[b]Зинатуллоҳи Исмоилиён, раиси шабакаи телевизонии СМТ, ба унвони раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардид.[/b]

Интихоби раиси нави Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба дунболи истеъфои раиси собиқи он Иброҳим Усмонов сурат гирифтааст.

Иброҳим Усмонов, ки аз яку ним соли пеш ба раёсати ин Шӯро интихоб шуда буд, ахиран ба далели вазъи сиҳатии худ аз ин симмат қабл аз анҷоми замони ваколати худ истеъфо додааст.

Аъзои раёсати Шӯрои ВАО баъд аз ду рӯзи баҳсу баррасӣ аз миёни ду номзад, Нуриддин Қаршибоев ва Зинатуллоҳи Исмоилиён, дуввумиро ба унвони раиси Шӯрои ВАО интихоб намуданд.

Ваколати ӯ то баргузории конфронси умумии Шӯрои ВАО дар моҳи декабри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Зинатуллоҳи Исмоилиён мегӯяд, нахустин коре, ки раёсати нав барои он талош хоҳад кард, ҷалби ҳамаи расонаҳо ба кори Шӯрои ВАО хоҳад буд.

Ин Шӯро пас аз тасвиби Кодекси ахлоқии журналистон дар соли 2009 аз сӯи як қатор созмонҳои журналистӣ, устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақили Тоҷикистон таъсис шуда ва як ҳадафи он таъмини риояи усулҳои ин кодекс буд.

Аммо бисёре аз журналистон ва расонаҳои хабарӣ ба далели мухолифат бо ин кодекс ва ё наҳваи таъсиси ин ниҳод, аз узвият дар он худдорӣ карда буданд. дар соли 2009 баъд аз имзои Кодекси ахлоқи журналист таъсис шуда буд.

Дар кори таъсиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, САҲА ва коршиносони Академияи расонаҳои «Дойче велле», ки дар таҳияи Кодекси журналист саҳм доштанд, мусоидат намуда буданд.

Шӯрои ҷамъиятии матбуот ба назари ташкилдиҳандагонаш, барои рафъи бисёр мушкилоти журналистӣ, аз ҷумла, танзими робитаи миёни худи расонаҳо аз як сӯ ва аз сӯи дигар равобити миёни мақомот ва матбуот мусоидат мекунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/3553452.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *