Шаҳринав, 09.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф). -Бо мақсади сари вақт дастраси омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон намудани навгониҳои соҳаи маориф, инъикоси масоили муҳими таълиму тарбия, усулҳои беҳтарини педагогика ва методикаи ҷаҳонӣ шуъбаи маориф ва илми ноҳияи Шаҳринав маҷаллаи “Боргоҳи маърифат”-ро таъсис дод. Нахустин шумораи ин маҷалла рӯи чоп омада, фарогири маводҳои таълимию методӣ, илмию назариявӣ ва фарҳангиву оммавӣ аст, ки минбаъд моҳе як бор нашр мешавад.
http://khovar.tj/regions/34500-intishori-boz-yak-ma1207allai-nav.html