Интиқоди созмонҳои мудофеъи озодии баён аз амалкарди Идораи иртиботот

[b]Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон бо судури як баёния масдуд шудани бархе аз сойтҳои хабарӣ дар Тоҷикистонро маҳкум карданд.[/b]

Дар ин баёния омадааст, ки эҷоди маҳдудият барои дастрасӣ ба бархе манобеъи хабарӣ барои сокинони кишвар, нақзи ҳуқуқи маъдании мардум аст.

Ҳамчунин дар баёния таъкид шуда, чунин амалкарди мақомоти бахши иртибототи Тоҷикистон ба эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ латма ворид хоҳад кард.

Масъулони созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон аз масъулони ширкатҳои фароҳамгари интернет дар Тоҷикистон низ интиқоди шадид карда ва бо иҷрои дархостҳои ғайриқонунии мақомоти давлатӣ дар нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ҳамдаст мешаванд.

Ин баёнияи муштарак рӯзи ҷумъаи 3-юми август, аз сӯйи масъулони Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Иттиҳоди рӯзноманигорон, Шӯрои васоити ахбори ин кишвар ва созмони «Медиалянс»-и Тоҷикистон ба имзо расида ва мунташир шудааст.

Масъулони ин созмонҳо, тасмими мақомоти Идораи иртибототи кишварро барои маҳдуд кардани сойтҳоро ғайриқонунӣ хонда ва аз раҳбарони бахши иртиботот даъват карданд, ки ба ин амали хеш хотима бахшанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар ду моҳи ахир дастрасӣ ба вебсойти хабаргузории “Asia-Plus» се бор масдуд шудааст.

Оқои Қаршибоев афзуд: “Дар айни замон дастрасӣ ба хабаргузории “Asia-Plus маҳдуд аст ва ҳамчунин дастрасӣ ба сойтҳои хабарии “Vesti.ru”, “Новости”, “Lenta.ru”, “Fergana.ru” ва “Centerasia.ru” ва сойти нашри видиюҳои “Youtub” масдуд аст.”

Оқои Қаршибоев гуфт созмонҳои мухталифи дохилӣ ва байналмилалӣ дар гузашта низ аз чунин амалкарди мақомоти Идораи иртиботот интиқод кардаан ва пешниҳодҳое дар заминаи роҳбурди қонунӣ дар танзими интернет пешниҳод кардаанд.

Вай афзуд: “Дар моҳи май мо ба масъулони ин ниҳод пешниҳод кардем, ки дастрасӣ ба интернетро танҳо дар асоси ҳалномаи додгоҳ қонунӣ аст. Аз тариқи додгоҳҳо ҳалл кардани ихтилофоти мавҷуд бо расонаҳоро пешниҳод намудем, аммо ин пешниҳодоти мо пазируфта нашудаанд.”

Ин вокуниши созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтае қабл ин созмонҳо, аз худдорӣ кардани мақомот барои интишори иттилоъоти расмӣ дар мавриди вазъияти воқеъӣ дар Бадахшон ба хабарнигорон интиқод карда буданд.

Нуриддин Қаршибоев ҳамчунин мегӯяд: “Бисёре аз мақомоти давлатӣ, ки раҳбарии Идораи иртибототи Тоҷикистонро бар уҳда доранд, аз ошноӣ бо фанноварии замонавии иттилоъотӣ дуранд ва салоҳияти пеш бурдани фаъъолият дар шароити муоъсирро надоранд ва беҳунарии онҳо муҷиби нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон мешавад.”

Ин дар ҳолест, ки як рӯзи қабл Гузоришгарони Бидуни Марз, як созмони байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон низ, дар интиқод аз масдуд шудани бархе аз вебсойтҳои хабарӣ дар Тоҷикистон баёния интишор дод.

Ин созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён гуфтааст, ки ин иқдоми давлат метавонад мунҷар ба уфти ҷойгоҳи Тоҷикистон дар феҳристи солонаи озодии баён дар кишварҳои ҷаҳон шавад.

Маҳдудияти дар дастарсӣ ба сойтҳои интернетӣ дақиқан ду рӯз пас аз оғози амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ва бозтоби густардаи ин ҳаводис дар сойтҳои хабарӣ сурат гирифт.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/08/120803_zkh_massmedia_badakhshan_operation.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *