[b]Як мақоми Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ба далели “суст будани кори сохторҳои давлатӣ” дар ҷараёни ҳаводиси шаҳри Хоруғ иттилоъот дар мавриди ин ҳаводис бештар аз манобеъи ғайрирасмӣ дарёфт шудааст.[/b]
Давлаталӣ Назриев, сухангӯи ин вазорат, ки рӯзи сешанбеи 11 сентябр дар ҳамоише бо номи “Таҳдидҳои муосир дар бахши фазои иттилоъотӣ ва нақши васоили ахбори умум (ВАО) дар Тоҷикистон” суханронӣ мекард, гуфт, агар манбаъҳои расмӣ дар бораи ҳаводиси шаҳри Хоруғ ба таври оҷил иттилоъ пахш мекарданд, хабарҳои нодурусту сару садоҳои зиёд пайдо намешуданд.
Оқои Назриев гуфт: “Мо хабарҳои расонаҳои урупоии ба забонҳои олмонию инглисиро таҳлил кардем. Як чизи ҳайратовар ва нигаронкунанда он буд, ки бисёр иттилоъи рӯзҳои аввали ин ҳодиса ба ҳақиқат мувофиқат намекарданд.”
Ӯ афзуд: “Аз ин ҳодиса чунин хулоса кардем, ки дар ин гуна ҳодисаҳо ташаббус бояд дар дасти ниҳодҳои давлатӣ бошад ва онҳо барои расонаҳо ва аҳли ҷомеъа иттилоъи заруриро сари вақт пахш кунанд.”
Рустами Ҷонӣ, муассиси нашрияи “ИмрӯзNews” ва радиои “Имрӯз” низ аз фаъолияти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҷараёни ҳаводиси шаҳри Хоруғ интиқод карда ва гуфт, ки иттилоъоти марказҳои матбуъоти Додситонии кулл ва Вазорати умури дохила дар бораи теъдоди талафоти ҷонӣ дар миёни сокинони ғайринизомии шаҳри Хоруғ, нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ба истилоҳи давлат “ғайриқонунӣ” мутафовит буданд.
Масалан, ба гуфтаи оқои Ҷонӣ, дар ҳоле ки дар баёнияҳои расмии ин ниҳодҳо аз боздошти 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳи шаҳри Хоруғ хабар дода шуд, аммо женерол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо хабарнигори нашрияи “Asia-plus” дар шаҳри Хоруғ ин хабарро такзиб кардааст.
Ба гуфтаи женерол Хайруллоев, то ҳол ҳеч узви гурӯҳҳои мусаллаҳ дар вилояти Бадахшон боздошт нашудаанд
Рустами Ҷонӣ гуфт, ки дар рӯзҳои аввали даргириҳо миёни нерӯҳои давлати Тоҷикистон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи шаҳри Хоруғ дар авохири моҳи июли соли ҷорӣ расонаҳои хориҷӣ ва мустақил дар бораи кушта шудани 20 ғайринизомӣ дар ин ҳаводис иттилоъ дода, аммо манобеъи расмӣ ин гуна хабарҳоро “бардурӯғ” хонда буданд.
Вале ҳоло ин иттилоъ таъйид шуда ва асомии афроди кушташуда дар расонаҳои мустақил мунташир шудаанд.
Давлаталӣ Назриев, сухангӯи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки дар бештари ниҳодҳои давлатӣ марказҳои матбуъот вуҷуд дошта, аммо кормандони ин марказҳо таҷрубаи кофии кор бо расонаҳоро надошта ва ба омӯзиш ниёз доранд.
Оқои Назриев пешниҳод кард, барои ҳалли ин мушкил бо мусоидати ниҳодҳои хабарнигорӣ, назири Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон барои кормандони марказҳои матбуъоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар давраҳои омӯзишӣ баргузор шавад.
Гуфта мешавад, 30 апрели соли 2007 давлати Тоҷикистон консепсиюни “Сиёсати давлатии иттилоъотӣ”-ро тасвиб карда ва тибқи ин санад бояд дар сохторҳои давлатӣ зерсохторҳои вижаи кор бо ВАО таъсис шуда ва бо расонаҳо кор кунанд.
Зимнан, амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар вилояти Бадахшон рӯзи 24 июли соли равон дар пайи кушта шудани Абдулло Назаров, раиси бахши кумитаи аманияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, оғоз шуд.
Женерол Назаров рӯзи шанбеи 21 июл дар як муноқиша бо афроди номаълум дар наздикии шаҳри Хоруғ кушта шуд ва мақомот афроди вобаста ба Толиб Айёмбеков, масъули посгоҳи марзии Ишкошимро, ки аз фармондеҳони бонуфузи мухолифон дар замони ҷанги дохилӣ дар Бадахшон маҳсуб мешуд, дар ин ҳодиса мазнун донистаанд.
Мақомот расман омори талафоти ҷонӣ дар миёни нерӯҳои давлатӣ дар амалиёти Хоруғро 17 нафар ва захмиёнро 40 нафар эълом кардаанд. Ҳамчунин, тибқи ин омор дар ин амалиёт 30 шӯришӣ кушта ва 40 нафар боздошт шудаанд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/09/120911_mm_journalists_nazriev.shtml