Cозмони Хонаи Озодӣ дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ алайҳи нашрияи «ASIA-Plus» ва сардабири он Олга Тутубалина ҷарима шудани ӯро «намунаи рӯшане аз сонсур» дар Тоҷикистон хондааст.
Ин созмон рӯзи чаҳоршанбеи 14 май бо интишори баёнияе аз давлати Тоҷикистон ва додгоҳҳои ин кишвар хост, ки ба таъаҳҳудоти худ дар заминаи таъмини озодии баён амал кунанд.
Сусон Курк, мудири барномаҳои Уруосиёи Хонаи Озодӣ гуфтааст: «Раъйи додгоҳе дар Тоҷикистон дар бораи ҷаримаи сардабири «ASIA-Plus» Олга Тутубалина барои нақли қавле аз Владимир Ленин дар бораи фарҳангиёни ин кишвар намунаи рӯшане аз сонсур аст, ки ҳадаф аз он иблоғи паёме сиёсӣ ба ҷомеъаи маданӣ ва матбӯъот аст.»
Вай меафзояд: «Давлат ва додгоҳҳои Тоҷикистон бояд аз Қонуни асосӣ дифоъ кунанд ва ба таъаҳҳудоти дохилӣ ва байналмилалии ин кишвар дар заминаи ҳимоят аз озодии баён амал кунанд. Додгоҳҳо бояд иддаъоҳои ба зоҳир мантиқӣ ва дарвоқеъ бепояро, ки бо суиистифода аз системи додрасӣ гуфтори машрӯъеро қадаған мекунанд, рад кунанд.»
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 феврал хабаргузории «ASIA-Plus» ва сардабири он, Олга Тутубалинаро, ба иттиҳоми тавҳин ба фарҳангиён ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ё муъодили шаш ҳазор дулор ҷарима кард.
Хонум Тутубалина авохири моҳи майи соли гузашта дар мақолае перомуни бозгашти Бозор Собир, шоъири маъруф, аз Омрико ба Тоҷикистон, нақли қавле аз Владимир Ленин, бунёнгузори давлати Шӯравиро, оварда буд, ки дар он фарҳангиён «наҷис» хонда мешаванд.
Панҷ иттиҳодияи ҳунарӣ ва се нафар аз шахсиятҳои фарҳангӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои нависандагон, наққошон ва оҳангсозон, Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов, ӯро ба иҳонат ба фарҳангиёни тоҷик муттаҳам карда ва ба додгоҳ шикоят бурда буданд.
Созмони Хонаи Озодӣ, ки ҳукми додгоҳро дар мавриди ин қазия маҳкум карда, як созмони муътабари мудофеъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар саросари ҷаҳон аст, ки ҳамасола гузоришҳое дар бораи вазъи ҳуқуқи башар ва озодии матбӯъот интишор медиҳад.
Дар гузоришҳои солонаи ин созмони байналмилалӣ дар бораи «Озодӣ дар ҷаҳон -2014» ва «Озодии матбӯъот-2014» Тоҷикистон кишваре «ғайриозод» арзёбӣ шудааст.
Пештар созмонҳои рӯзноманигории маҳаллӣ ва байналмилалии дигар ва бархе аз сафоратҳои хориҷӣ низ аз ҳукми додгоҳ алайҳи нашрияи «ASIA-Plus» ва сардабири он интиқод карда буданд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/05/140515_ea_freedom_house_tutubalina.shtml