Як гурӯҳ корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз фаъолияти ширкати мобилии Тселл ба шиддат интиқод доранд.
Аз ҷумла Манзура Маҳкамова, аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳифааш дар шабакаи Фейсбук ба забони русӣ навиштааст, ки “Ин чӣ сардаргумист, ки рӯзи дуюм аст, ки дар Тселл идома дорад? Интернет ва алоқаи мобилии хуб нест. Ҳатто ба маркази хидматрасонии ширкат занг зада намешавад”.
Манзура Маҳкамова ин навиштаро ба саҳифаи директори генералии Тселл Мансур Ҳамидов дар Фейсбук ширкат пайваст кардааст. Аммо сарфи назар аз ин, касе аз ширкат ҳозир нашудааст, ки қазияро шарҳ диҳад.
Дар пайи навиштаи бону Маҳкамова дар давоми се соат даҳҳо шарҳ гузошта шудааст, ки бештар оҳанги интиқод аз фаъолияти ширкатҳои мобилиро доранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки шоми 30-юми март тақрибан ҳудуди 2 соат бархе аз муштариёни ширкати мобилии Тселл имкони истифода аз телефони ҳамроҳро надоштанд.
Он замон бархе аз муштариёни ин ширкат дар вилояти Суғд гуфтанд, ки тақрибан аз соати 17-и шом то соатҳои 19-и 30-мюми март истифода аз хадамоти ин ширкат билкулл дастнорас буд. Онҳо мегӯянд, ки ин ҳама бидуни ягон огоҳӣ сурат гирифт.
Дар ширкати мазкур ҷой доштани чунин нуқсонро тасдиқ карда гуфтанд, ки аз низоми барқдиҳии зимистона ба тобистона гузаштанд, аз ин сабаб низоми хидматрасонӣ барои чанд соат қатъ шуд. Ширкат дар фасли зимистон дар бархе аз манотиқ бо сабаби набудани нерӯи барқ аз дастгоҳҳои дизелӣ истифода мекард, — мегӯяд як масъули Тселл.
Ширкати мобилии Тселл аз моҳи марти соли 2010 ҶСП “Индиго Тоҷикистон” ва ҶСП КМ “Сомонком”-ро ба ҳам овард, ки таъсискунандагонашон холдинги скандинавии Teliasonera ва Фонди Рушди Иқтисодии Оғо-Хон дар Тоҷикистон мебошанд.
http://tojnews.tj/tj/news/intikodi-korbaroni-feysbuk-az-sardargumi-dar-tsell