Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз мавориди нақзи ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар дар се моҳи ахир (июл-октябри соли ҷорӣ) гузорише мунташир кардаанд.
Ин гузориш аз ҷониби созмонҳои ҳуқуқи башари Қазоқистон, “Нота Бене”-и Тоҷикистон ва созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари Туркманистон, мустақар дар Утриш, бо мусоъидати созмони “Машорикати байналмилалӣ дар масоили ҳуқуқи башар”-и Белжик таҳия шудааст.
Дар ин гузориш ба афзоиши мавориди фишор бар расонаҳои маҳаллӣ ва хабарнигорон дар Тоҷикистон ишора шуда ва ин амр ба интихоботи порлумонӣ дар авоили соли оянда марбут хонда шудааст.
Ба унвони мисол, дар ин гузориш ба эҳзори Назири Нусрат, хабарнигори нашрияи “ИмрузNews” ба додситонӣ барои чопи матлабе интиқодӣ, боздошти Александр Содиқов, пажӯҳишгари тоҷик ба иттиҳоми ҷосусӣ, ва масдуд шудани сойт ё торнамоҳои “Озодӣ”, “Фергана.ру”, “Центразия.ру”, шабакаҳои иҷтимоъии “Одноклассники”, “Youtube”, “Facebook” ва “Vkontakte” ишора шудааст.
Дунё Миётувич, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар умури озодии матбӯъот, масдуд шудани торнамоҳои интернетӣ дар Тоҷикистонро “ҳодисае пуризтироб ва нигаронкунада” хонда ва аз мақомоти Тоҷикистон даъват карда буд, ки барои таъмини ҳуқуқи сокинон ба дастрасии озод ба манобеъи хабарӣ талош кунанд.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ аз қавли коршиносон масдуд шудани сойтҳои интернетиро ба эъломи тазоҳуроти эътирозии мухолифони давлати Тоҷикистон дар майдони марказии шаҳри Душанбе рабт додаанд, ки интизор мерафт рӯзи 10 октябри соли ҷорӣ баргузор шавад, вале нашуд.
Ҳамчунин, дар гузориши созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз даъвати Шӯрои уламои Тоҷикистон интиқод шудааст, ки мусалмонони кишварро ба худдорӣ аз интиқод аз мақомоти Тоҷикистон фаро хонда ва “даъват барои мухолифат бо мақомотро гуноҳи кабира” арзёбӣ карда буданд.
Дар ин гузориш чунин даъват муғойир бо Қонуни асосии Тоҷикистон ва ноқизи озодии баён талаққӣ гардидааст, ки тибқи ин санади ҳуқуқӣ, ин кишвар давлати дунявӣ ё ғайримазҳабӣ эълом шуда ва дар он озодии баён тазмин шудааст.
Дар гузориш боздошти Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров, вакилони мудофеъи Зайд Саидов, тоҷири маъруфи кишвар, “таъқиб барои фаъъолияти касбӣ” арзёбӣ шудааст.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ ҳамчунин ба мавориди фишор бар расонаҳои мустақил дар Қазоқистону Туркманистон таъкид кардаанд.
Аз ҷумла, давлати Қазоқистон барои бастани видию-пуртоли мухолифони мавсум ба “16/12” талош карда ва дафтари ин ниҳод дар шаҳри Маскав аз сӯи кормандони амниятии Русия тафтиш ва таҷҳизоти он мусодира шудааст.
Ин иқдоми давлати Қазоқистон ба пахши видиюи интиқодии “Балхаш: қатли фармоишӣ” марбут будааст, ки аз тазоҳуроти эътирозӣ дар ин минтақа ҳикоят кардааст.
Ҳамчунин, мақомоти давлати Қазоқистон сойтҳои хабарии родиюи “Азаттик” (Озодӣ), “Фергана.ру” ва “CA-news”-ро бидуни огоҳии пешакӣ ва шарҳу тафсир масдуд кардаанд.
Дар рӯзҳои 30 август то 15 сентябри соли ҷорӣ дар Туркманистон низ дастрасӣ ба интернет ва ба ин тартиб, барои сокинони ин кишвар истифода аз манобеъи хабарии мустақил ва хориҷӣ маҳдуд шудааст.
Дар моҳи августи соли ҷорӣ созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз қазияи Худойқул Назаров, як пизишки зодаи Тоҷикистон, хабар доданд, ки барои интиқоди аланӣ аз вазъи бемористон дар вилояти Марви Туркманистон бо иттиҳомоти сохта ба муддати панҷ сол зиндонӣ шуда буд.
Пас аз озод шудан оқои Назаров аз ҳаққи фаъъолият дар бемористон маҳрум шуда, пулис шиносномаи туркмании ӯро бозпас надодааст ва аз ин тариқ ӯро водор сохтааст, ки бо шиносномаи даврони шӯравии пешин бо фарзандони худ ба Тоҷикистон бозгардад.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз ҷалби иҷбории мардум ба ширкат дар тадобири расмӣ интиқод карда ва навиштаанд, ки рӯзи 13 июли соли ҷорӣ сокинони шаҳри Ишқобод тамоми рӯз дар гармои тобистон ба ифтихори раиси ҷумҳурӣ таронаҳо хондаанд. Дар натиҷа, ду зан беҳуш шудаанд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/10/141023_mm_human_rights_tajikistan