«Интернет барои ҳадафҳои терруристон истифода мешавад»

[b]Бархе аз шабакаҳои интернетӣ барои аҳдофи терруристӣ ба таври ҷиддӣ истифода шуда ва сойтҳои вижа барои анҷоми аъмоли терруристӣ даъват мекунанд.[/b]

Ин нукта рӯзи сешанбеи 29 март, дар ҷаласаи коршиносони Осиёи Марказӣ ва байналмилалӣ барои баррасии истротежии мубориза бо террурисм таъкид шуд.

Виктор Штойнда, коршиноси кумитаи “Таҳримҳо барои Ал-Қоъийда ва Толибон”-и Созмони Миллали Муттаҳид гуфт, ки дар даҳ соли ахир ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба мушкили истифодаи шабакаи интернет барои ҳамалоти терруристӣ рӯбарӯ шудааст.

Ба гуфтаи оқои Штойнда, сойтҳои вижа ҷавононро барои анҷоми аъмоли терруристӣ даъват карда ё усул ва роҳҳои иҷрои аъмоли тахрибкориро омӯзиш медиҳанд.

Ба унвони мисол аз сойтҳои созмонҳои терруристие чун “Ал-Қоъйида” ва ҷудоихохони Чечен ном бурда шуд, ки мукарраран иттилоъи таҳрикомез пахш карда ва ба ҷиҳоди исломӣ даъват мекунанд.

Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, дар ҳоле ки истифодаи шабакаи интернет барои аҳдофи терруристӣ барои СММ аз мавзӯъоти доғе маҳсуб мешавад, аммо то ҳоло ҳеч санади ҳуқуқии фарогире барои муқобала бо ин таҳдид тавсиб нашудааст.

Гуфта мешавад, дар кишварҳои алоҳида ва Иттиҳодияи Урупо дар ин замина қавонин тасвиб шуда, вале дар шароити феълӣ назири Кунвенсиюни алайҳи террурисм ё муқобала барои сармоягузории террурисм дар ин замина ба тасвиби кунвенсиюне ниёз вуҷуд дорад.

[b]Роҳҳои муқобала бо террурисми интернетӣ[/b]

Аммо аз сӯйи дигар коршиносон мегӯянд, ки интернет яке аз васоили муҳими паҳн кардани ахбор барои ҳар ҷомеъаи мутамаддин аст ва таҳдидҳои мазкур набояд ба ҳеҷ ваҷҳ баҳонае барои маҳдуд кардани дастрасии мардум ба интернет шавад.

Ба эътиқоди Виктор Штойнда, коршиноси кумитаи “Таҳримҳо барои Ал-Қоъийда ва Толибон”-и Сомони Милали Муттаҳид, бояд фаъолияти сойтҳои мазнун дар тарғиби террурисм ҷиддан баррасӣ шуда, сипас на аз сӯйи ниҳодҳои қудратӣ, балки бо тасмими додгоҳҳо фаъолияти ин гуна сойтҳо масдуд ё баста шавад.

Аз сӯйи дигар, оқои Штойнда гуфт, масдуд кардани сойтҳо кори сода аст, бояд барои муқобала бо сойтҳои мубаллиғи террурисм аз таблиғи мутақобил ё контрпропаганда кор гирифт. Яъне, аз тариқи шабакаи интернет ба мардум хатар ва таҳдидҳои сойтҳои террорустиро шарҳ додан лозим аст.

Ин дар ҳолест, ки дар бештари кишварҳои Осиё, бахусус, Осиёи Марказӣ ҳатто сойтҳои интернетии мустақил, ки аз фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ интиқод мекунанд, бо баҳонаҳои мухталиф масдуд мешаванд.

Зимнан, ба дунболи даргириҳо миёни нерӯҳои давлати Тоҷикистон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ба гуфтаи давлат “ғайриқонунӣ” дар водии Рашт дар тирамоҳи соли гузашта сойтҳои интернетии “avesta.tj”, “centrasia.ru”, “tjknews.com” ва “fergana.ru” масдуд шуданд.

Ҳамзамон, аз тариқи барномаҳои телевизиюни давлатӣ ва баёнияи мақомоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон, ки нашрия ва сойтҳои мустақилро дар иғвоангезӣ ва ба ҳолати бўҳронӣ расонидани вазъияти низомию сиёсии кишвар гунаҳкор мекард, сурат гирифт.

Аз ҷумла, женерол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон дар як сӯҳбати телевизиюнӣ таъкид дошт, ки расонаҳои мустақил “ҳаводиси водии Раштро муғризона мунъакис карда ва аз терруристҳо пуштибонӣ мекунанд”.

Дар ҳамин ҳол, Ғаффор Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобайли Тоҷикистон гуфт, ки аз лиҳози фаннӣ назорат ё масдуд кардани сойтҳои интернетӣ душвор нест, аммо назорати иттилоъот, сӯҳбатҳо ё муоъшират аз тариқи системи “mail.ru”, “gmail.com” ё “facebook” мушкил аст.

Ба гуфтаи оқои Эркаев масалан пизишкон, кормандони ниҳодҳои текникӣ, донишҷӯён ва афроди дигар барои дарёфти иттилоъи лозим аз интернет истифода мекунанд, аммо гурӯҳҳои терруристӣ низ метаонанд барои мақосиди худ аз он баҳра бардоранд.

Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки ҳар провайдер ё расонандаи интернет ба ҳангоми дарёфти муҷаввизи фаъолият дар Тоҷикистон муваззаф мешавад, ки аз пахши иттилоъи таҳдид ба амнияти кишвар ҷилавгирӣ кунад.

Зимнан, ба гуфтаи коршиносон дар инқилобҳои ахир дар кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ аз шабакаи интернет фаровон истифода шуда ва интернет ба унвони васоили мухобирот барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти гурӯҳҳо ё нерӯҳо “хидмат” кардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/03/110329_mm_internet_terrorism.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *