Имомов: Журналистика устодони хуб дорад, вале…

Маҳмадюсуф Имомов, ректори ДМТ мегӯяд, ки ҳоло дар соҳаи журналистикаи кишвар устодони хуб зиёданд, аммо дар соҳаи фанҳои дақиқ мутахассис намерасанд, аз ин хотир дар ин соҳа аҳамияти бештар дода мешавад.

Ҷаноби Имомов ба саволи хабарнигори Faraj.tj дар бораи он, ки оё мисли солҳои пеш факултаи журналистикаи донишгоҳ бо Донишгоҳи давлатии Маскав ҳамкорӣ дорад ё не, чунин посух додааст, ки қаблан ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шуда будааст, аммо имрӯз аз сабаби онки дар факултаи мазкур устодони хуб дарс мегӯянд, ниёзе ба ҳамкорӣ нест.

— Аз сабаби он, ки имрӯз факултаи журналистикаи ДМТ устодони хуб дорад, мо бисёртар ба фанҳои дақиқ аҳамият медиҳем. Соли гузашта аз Русия 10 ҷойи буҷавӣ барои донишҷӯён омад, мо аз он 7 ҷояшро ба фанҳои дақиқ додем, зеро дар кишвар имрӯз мутахассисони ин соҳа кам ҳастанд, — зикр кард, Имомов.

Ҳамчунин ректори ДМТ афзуд, ки бо мамолики хориҷӣ ҳамкориҳои хуб доранд ва дар ин сол донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ 278 сафари хориҷа ба анҷом расонидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 70 фисад зиёдтар аст.

 

http://faraj.tj/news/12038-imomov-zhurnalistika-ustodoni-hub-dorad-vale.html

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *