Дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров студияи телевизионии замонавӣ ба кор оғоз мекунад.
Мудири кафедраи журналисткива ва назарияи тарҷумаи ДДХ Дилбар Самаадова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сутияи телевизион бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисос ва бисёрсоҳаи журналистика боз шуда, ояндаи наздик дар заминаи он кафедраи телевизион ва радио кушода мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, студияи телевизионӣ бо маблағи ҳудуди 60 ҳазор сомонӣ ташкил гардида, он пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Д.Самадова ҳамчунин зикр кард, ки таъсиси чунин студияи телевизиониро омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра дер боз интизорӣ доштанд ва бо мусоидати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва ректори ДДХ Ғафур Усмонов ин орзу ҷомаи амал пӯшид.
Зимнан зикр гардид, ки минбаъд маводи таҳиянамудаи журналистони ин студия тариқи телевизионҳои маҳаллии «СМ-1», «Азия», «Танин» ва «ТВ-Суғд» намоиш дода мешавад.
http://news.tj/tj/news/iftito-i-studiyai-televizion-dar-nazdi-kafedrai-zhurnalistikai-ddkh