Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд — рўзномаи «Суғд ҳақиқати» — сомонаи расмии худро дар шабакаи Интернет боз намудааст.
Ба иттилои сармуҳаррири рўзнома Фарҳод Ҷўраев, нишонаи расмии сомона «www.sugd-hakikati.tj» буда, он бо мақсади дастрасии хонандагони манотиқи гуногуни Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки сомонаи мазкур дорои 10 бахш буда, дар он маводу иттилооти мухталифи сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ҷой дода мешаванд.
Ёдрас бояд шуд, ки рўзномаи «Суғд ҳақиқати» сар аз моҳи июли соли 1993 инҷониб нашр мешавад ва алҳол ин нашрия ҳафтае 2 маротиба бо теъдоди беш аз 2 ҳазору 400 нусха ба табъ мерасад.