Як манбаъ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷузъиёти боздошти Хайрулло Мадисоев, корманди Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро ифшо кард.
Бино ба иттилои манбаъи TojNews, Хайрулло Мадисоев барои миёнаравӣ дар ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ аз як нафар 6 ҳазор доллари ИМА талаб кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Мадисоев ба ин нафар, ки қаблан шиносоӣ доштааст, ваъда мекунад, ки дар якҷоягӣ бо Абдусаттор Мирзоев, муҳандис-заминсози ҷамоати Лоҳур барои гирифтани 0,06 сотих замини наздиҳавлигӣ мусоидат мекунад ва ҳуҷҷатҳои онро низ ба талаботи қонун мутобиқ мегардонад.
Алайҳи Хайрулло Мадисоев, муҳаррири идораи сиёсии Шабакаи аввал ва Абдусаттор Мирзоев, муҳандис-заминсози ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо моддаи 247 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Хайрулло Мадисоев баъд аз зӯҳри 9-уми апрел аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия дар бинои Шабакаи аввал боздошт шуда буд. Масъулини Шабакаи аввал ва Агентӣ дар рӯзи аввали боздошти Мадисоев аз додани ҳама гуна иттило худдорӣ карда буданд.
Қаблан фарзияҳое низ матраҳ буд, ки Мадисоев барои ба эфир роҳ надодани як нафар аз ӯ 3 ҳазор доллар талаб кардааст. Аммо онҳое, ки дар Шабака кор мекунанд, мегӯянд, ин хабарнигор дар сатҳе набуд, ки барои ба эфир рафтан, ё нарафтани навору гузорише тасмим гирифта тавонад.
Хариду фурӯши замин аз масъалаҳое доғе маҳсуб мешавад, ки борҳо Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он бо нигаронӣ ҳарф задааст.
Президент Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи Шӯрои амният гуфта буд, “солҳои охир дар мамлакат ғайриқонунӣ ҷудо намудан ва фурӯши қитъаҳои замин ба як ҳодисаи маъмул ва воситаи даромади муфт барои шахсони масъул ва мансабдор табдил ёфтааст.”
Ба иттилои Президент, тайи панҷ соли охир вобаста ба қонуншиканиҳо дар соҳаи замин 290 парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Дар ҳамин давра аз ҷониби мақомоти прокуратура дар ин самт 2687 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, ки 441 адади онро парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта ташкил медиҳанд. Вале бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, қонуншиканӣ дар истифодаи замин ҳанӯз ҳам кам нест.