Мақомоти Идораи иртибототи Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ниҳод дар масдуд кардани дастрасӣ ба шабакаи телевизиюнии «К+» дар ин кишвар, ки ахиран барномаҳои интиқодӣ дар бораи давлати Тоҷикистон пахш карда, нақше надорад.
Татяна Холмуродова, муъовини раиси ин идора, рӯзи чаҳоршанбеи 31 июл дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки Идораи иртиботот масъули пахши амвоҷи родию ва телевизиюн набуда ва ин кор ба уҳдаи Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон аст.
Дар пайи пахши барномаҳои интиқодӣ дар мавриди мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла маросими арӯсии Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳур, пахши шабакаи телевизиюни «К+»-и Қазоқистон бо маҳдудиятҳое мувоҷеҳ шуда ва ба ҳангоми оғози барномаҳои интиқодӣ дар бораи давлат пахши барномаҳои ин шабака дар ҳудуди Тоҷикистон қатъ мешавад.
Ҳамзамон, хонуми Холмуродова дар мавриди масдуд шудани сойти «YouTube» дар Тоҷикистон, ки наворҳои видиюиро дар бораи навоқис дар фаъъолияти мақомоти Тоҷикистон пахш кардааст, ибрози беиттилоъӣ кард.
Гуфта мешавад, дар муддати се моҳи ахир дастрасӣ ба сойти «YouTube» тавассути фароҳамгарони интернет, назири «Babilon», «TCell» ва «Мегафон» ғайримумкин шудааст.
Дар сойти «YouTube» паёмҳои видиюии созмонҳои мамнӯъи «Ансоруллоҳ», «Муҷоҳидони тоҷик дар Афғонистон», наворҳои видиюӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон ва Алии Бедакӣ, фармондеҳи гурӯҳи ба гуфтаи давлат ғайриқонунӣ, ки дар даргириҳои Рашт кушта шуд, пахш шуда ва боъиси асабонияти мақомоти Тоҷикитсон шуда буд.
Масъулони Идораи иртибототи Тоҷикистон гуфтанд, ки то ҳол дар ин замина шикояте ба ин ниҳод ворид нашуда ва ҳамакнун барои рафъи ин мушкил талош хоҳанд кард.
Зимнан, дар соли гузашта сойтҳои «asia-plus», «nahzat.tj», «tojnews», «tjknews», шабакаи иҷтимоъии «facebook», «fergana.ru», «centrasia.ru», «ria-novosti.ru» ва vesti.ru», ки матолиб ва нуқта назарҳои интиқодӣ дар бораи мақомоти Тоҷикистон дар онҳо нашр шуда, бидуни шарҳи далоиле масдуд шуда, аммо масъулони Идораи мухобироти Тоҷикистон мукарраран даст доштани ин ниҳод дар ин амалро рад кардаанд.
Аз сӯйи дигар, бино ба иттилоъи Идораи иртибототи Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ теъдоди муштариёни шабакаи Интернет дар ин кишвар ба 3,8 милюн нафар расидааст, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта 1,6 милюн нафар бештар аст.
Ин манбаъ афзуд, 60 дарсади корбарони Интернетро сокинони шаҳрҳо ташкил дода, саҳми сокинони манотиқи рустоӣ дар он 40 дарсад аст.
Теъдоди муштарикони телефунҳои ҳамроҳ низ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш гузориш шуда ва дар моҳи ҷорӣ теъдоди муштарикон ба 10 милюн расидааст, ки ин рақам барои кишваре бо ҷамъияти 8 милюн нафар қобили таваҷҷуҳ азёбӣ мешавад.
Ин дар ҳолест, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбатҳои худ ҳамеша аз афзоиши сареъи муштарикони телефунҳои ҳамроҳ дар кишвар ва масрафи маболиғи ҳангуфти сокинони Тоҷикистон барои ин бахш таъкид кардааст.
Аз сӯйи дигар, дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон, бахусус шабакаҳои расмии телевизиюн, дар бораи зиёнҳои истифода аз телефони ҳамроҳ дар вазъи саломатии сокинон барномаҳо пахш шуда ва аз сокинон даъват шудааст, то аз телефунҳои ҳамроҳ камтар истифода кунанд.
Коршиносони тоҷик талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои маҳдуд сохтани теъдоди муштарикони телефунҳои ҳамроҳ ва шабакаҳои иҷтимоъиро ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон рабт додаанд, ки дар назар аст дар моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор шавад.
Шокир Ҳакимов, коршиноси мустақил, ба унвони мисол ба нақши телефунҳои ҳамроҳ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ дар таҳаввулоти кишварҳои арабӣ, мавсум ба «Баҳори Араб», ишора кард, ки ба даъватҳо аз тариқи ин ниҳодҳои иртибототӣ даҳҳо ҳазор нафар дар майдонҳо ҳозир шудаанд.
Ба эътиқоди оқои Ҳакимов, мумкин аст дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифони давлат бо ирсоли паёмак ё «SMS» тавассути телефуни ҳамроҳ дар тасмими раъйгирии тарафдорони худ асар гузоранд.
Гуфта мешавад, ба ҳангоми оташсӯзӣ дар «Корвон», яке аз бузургтарин бозорҳои шҳри Душанбе, дар соли гузашта, ки колоҳои садҳҳо тан аз тоҷирон ба коми оташ рафта буд, тоҷирон аз тариқи телефунҳои ҳамроҳ дар мавриди ин ҳодиса хабар дода ва наздикони худ ва хабарнигоронро ба маҳалли ҳодиса фаро хонда буданд.
Дар натиҷа, дар муддати кӯтоҳ афроди зиёде дар бозори «Корвон» гирдиҳам омада, даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд ва мақомоти Тоҷикистонро водор карданд, то тақозои онҳоро бароварда кунанд..
Ҳамзамон, Тоҳир Ёқубов, муҳандиси кулли ширкати «Тоҷиктелеком» гуфт, ки ин ширкат дар садад аст дар соли ҷорӣ қимати ироаи интернетро то 50 дарсад коҳиш диҳад.
Оқои Ёқубов ҳадаф аз ин иқдомро рақобати ҷиддӣ дар бозори фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон ва ҷалби бештари муштариён марбут хонд.
Феълан дар Тоҷикистон 20 ширкати фароҳамкунандаи Интернет фаъъолият карда, «Babilon-Т», «Сатурн-Онлайн» ва «Телекомтекнолоҷӣ» аз бузургтарин фароҳамгарони Интернет дар ин кишвар маҳсуб мешаванд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/07/130731_mm_communication.shtml