Идораи иртиботот: «Интернетро минбари нафрат ва ҳақорат накунед»

Идораи иртибототи Тоҷикистон бо судури баёнияе аз масъулони ширкатҳои фароҳамгари интернет ва расонаҳо хостааст, ки аз нашри суханони тавҳиномез ва афкору ақоиди ифротгароёна дар шабакаи ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Ин ниҳоди танзимгари иртиботот дар Тоҷикистон навиштааст, ки иддае аз корбарони интернет зимни навиштани ёддоштҳо ва назароти худ дар сафаҳоти интернетӣ аз суханони қабеҳ ва тавҳину душном истифода мекунанд. Ин баёния ду рӯз қабл ба фароҳамгарон ирсол шудааст.

Дар номаи Идораи иртиботот омадааст: «Интернетро минбари озод мегӯянд ва он воқеъан минбари озод аст. Хадамоти алоқа (Идораи иртиботот) кӯшиш ба он дорад, ки мардум аз ин озодӣ ба таври дуруст истифода баранд, аз он баҳрабардорӣ кунанд. Дастовардҳои интернетро дар ҳаёти рӯзмарраи худ истифода баранд ва аз сиёсати пешвоёни кишвар ва ҷаҳон огоҳ гарданд.»

Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед: http://taj.nansmit.tj/idorai-irtibotot-internetro-minbari-nafrat-va-%D2%B3a%D2%9Borat-nakuned/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *