Идораи иртибототи Тоҷикистон бо судури баёнияе аз масъулони ширкатҳои фароҳамгари интернет ва расонаҳо хостааст, ки аз нашри суханони тавҳиномез ва афкору ақоиди ифротгароёна дар шабакаи ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Ин ниҳоди танзимгари иртиботот дар Тоҷикистон навиштааст, ки иддае аз корбарони интернет зимни навиштани ёддоштҳо ва назароти худ дар сафаҳоти интернетӣ аз суханони қабеҳ ва тавҳину душном истифода мекунанд. Ин баёния ду рӯз қабл ба фароҳамгарон ирсол шудааст.
Дар номаи Идораи иртиботот омадааст: «Интернетро минбари озод мегӯянд ва он воқеъан минбари озод аст. Хадамоти алоқа (Идораи иртиботот) кӯшиш ба он дорад, ки мардум аз ин озодӣ ба таври дуруст истифода баранд, аз он баҳрабардорӣ кунанд. Дастовардҳои интернетро дар ҳаёти рӯзмарраи худ истифода баранд ва аз сиёсати пешвоёни кишвар ва ҷаҳон огоҳ гарданд.»
Аммо масъулони ин ниҳод аз он ибрози таассуф мекунанд, ки имрӯз интернетро баъзеҳо «ба минбари дашному ҳақорат ва нафрат табдил додаанд, ки бояд ин амали онҳо маҳкум шавад.» Онҳо меафзоянд, ки ин амр «ба хулқу одоби тоҷиконаи мо зебанда нест.»
Дар баёния омадааст: «Сарқонуни Тоҷикистон кафолат (замонат) додааст, ки ҳар як шахс аз интернет ва дигар воситаҳои ахбори умум истифода барад, озодона фикри худро баён кунад ва дар доираи қонун амал намояд. Вале ҳеҷ як қонун кафолат надодааст, ки ашхоси алоҳида дар интернет ба таҳқиру ҳақорати якдигар ва шахсиятҳои алоҳида даст зананд.»
Мақомҳои иртибототи Тоҷикистон гуфтаанд, ки корбурди алфози қабеҳ ва тавҳиномез дар интернет як навъ «қонуншиканӣ» арзёбӣ мешавад. Онҳо аз фароҳамгарон ва масъулони сойтҳои интернетӣ қотеъона тақозо кардаанд, ки одоби истифода аз интернет риъоят шавад.
Дархости Идораи иртиботот дар ҳолест, ки корбарони интернет пеш аз ин борҳо шоҳиди масдуд шудани бархе аз сойтҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон шуда буданд. Ба гуфтаи нозирон, дар бештари авқот сойтҳое масдуд шудаанд, ки дар онҳо афкору ақоиди интиқодомез ё мухолиф бо давлати кунунӣ мунташир мешаванд.
Дар тобистони соли гузашта баъд аз амалиёти низомии давлати Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ва бозтоби ин вақоеъ дар расонаҳо фаъъолияти бархе аз сойтҳои интернетии мустақил ва пойгоҳҳои интернетии расонаҳои хориҷӣ барои муддате масдуд шуда буданд.
Ин амр ба интиқодоти густардае дар бораи Идораи иртибототи Тоҷикистон доман зад. Дар пайи ин гурӯҳҳо ва созмонҳои байналмилалии мудофеъи озодии баён мақомоти тоҷикро ба сонсургарӣ муттаҳам карданд ва хостори рафъи маҳдудият в масдудияти сойтҳо шуданд.
Дар баёнияи худ, умури иртибототи Тоҷикистон навиштаанд: «Хадамоти алоқа (Идораи иртиботот) тарафдори он аст, ки дар Тоҷикистон фаъъолияти ҳеҷ як сомона (сойт) маҳдуд нашавад. Барои ҳамин ҳам мо ба ҳама муроҷиъат карда, хоҳиш мекунем, ки ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд ва одоби истифодабарии Интернетро риъоят кунанд.»
Идораи иртиботот аз моликони сойтҳои интернетӣ тақозо кардааст, ки ёддоштҳо ва назароти ирсолшуда ба сойтҳои худро кунтрул ва таъдил (модерейт) кунанд.
Дар ин нома омада: «Пеш аз ҳама мо аз дорандагони сойтҳо хоҳиш мекунем, ки дар кори худ масъулияти бештар зоҳир намуда, тарзи дурусти истифодаи онро ба роҳ монанд ва ба таҳқиру туҳмат дар сойтҳои худ роҳ надиҳанд. Боварӣ аст, ки дар чунин маврид ҳеҷ нофаҳмие миёни истифодабарандагон ва танзимгарон боқӣ намемонад.»
Ҳарчанд ба назар мерасад, ки бо пахши ин баёния Идораи иртибототи Тоҷикистон сиёсати тозаеро дар заминаи муқобала бо «иҳонатҳо ва интиқодоти интренетӣ» дар пеш гирифтааст, аммо бархе аз коршиносон ин баёнияро навъе ҳушдор талаққӣ мекунанд.
Онҳо мегӯянд, ки дар сурати иҷро нашудани ин дархост мумкин аст Идораи иртибототи Тоҷикистон дар оянда бо баҳонаи нашри афкору ақоид ва назароти тавҳиномез ё туҳматомез ба масдуд кардани сойтҳои интернетӣ ҷиддитар иқдом кунад.
Худи Идораи иртиботот ин иқдомро қобили тавҷеҳ хондааст: «Дар даҳҳо кишварҳои мутараққии дунё фаъъолияти сомонаҳоеро, ки ташвиқоти зиддидавлатӣ мебаранд, ба таҳқиру ҳақорат машғуланд, амалҳои экстремистиро ташвиқ мекунанд, созмонҳои теруристиро дастгирӣ менамоянд, маҳдуд ва ҳатто бозмедоранд, ки Тоҷикистони мо низ аз ин рӯйхат истисно нест.»
Дар ҳамин ҳол, суоли матраҳ ин аст, ки то чи андоза кунтрул ё поксозии сойтҳои интернетӣ аз назарот ва тавзеҳоти ба гуфтаи мақомот «тавҳиномез» имконпазир аст?
Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани фароҳамсозони интернет дар Тоҷикистон, пахши баёнияи Идораи иртибототро иқдоми хубе дар ҷиҳати танзими кори сойтҳои интернетӣ медонад. Ба эътиқоди вай, поксозии сойтҳо аз чунин назарот ва тавзеҳот ҳатмист, вале роҳҳои муассири онро бояд пайдо кард.
Вай афзуд: «Дар ин муроҷеъатнома аз масъулони ширкатҳо даъват мешавад, ки ба худтанзимкунӣ бигузаранд. Манзур танзими фаннӣ нест, балки ҷилавгирӣ аз нашри алфози қабеъ дар интернет. Ин бад-он маъност, ки дар ҷомеъаи имрӯз мо мушкилоти ахлоқӣ дорем. Ва қабл аз ҳама ин ҳарфҳоро афроде пахш мекунанд, ки дар интернет махфӣ сабт мешаванд.»
Аммо ба эътиқоди оқои Атоев, масдуд кардани дастрасӣ ба сойтҳои интернетӣ барои расидан ба ин ҳадаф муассир нест ва роҳи бурунрафт аз ин мушкилотро фароҳам намекунад.
Аз сӯйи дигар, имрӯз танҳо хабарнигорон масъулони ширкатҳои фароҳамгар нестанд, ки аз интернет истифода мекунанд. Бар асоси омори расмӣ, шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон, ба беш аз 3,7 милюн нафар расидааст, ки беш аз панҷоҳ дар сади онҳо ҷавонон будаанд.
Дилшод Неъматов, як сокини ҷавони шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки ҷонибдори озодии интернет аст ва дар тадобири ширкати «Google» барои таъмини озодӣ ва ҷилавгирӣ аз масдудияти интернет саҳим аст.
Вай афзуд: «Ман фикр мекунам, ки кунтрули мустақими фаъъолияти интернет нақзи ҳуқуқи корбарон аст. Ҳар шахс ҳақ дорад, ки озодона дар интернет афкору ақидаи худро дар бораи ҷанбаҳои мухталифи зиндагӣ ва фанноварӣ иброз кунад. Аммо ман мухолифи он ҳастам, ки аз интернет чун минбар барои фуҳш додан истифода кунанд.»
Оқои Неъматов мегӯяд, ки шеваи ибрози афкору андеша дар интернет ба сатҳи маданияти ҷавонон бастагӣ дорад. Ба гуфтаи вай, ҳаққи блук кардан ё поксозии сойтҳо аз афкор ва назароти тавҳиномез бо онҳоест, ки гардонандагии сойтҳо ва шабакаҳои иҷтимоъиро ба уҳда доранд.
Дар пайи вуқӯъи ошӯбҳои мавсум ба «баҳори арабӣ» дар кишварҳои Ховари Миёна ва шимоли Офриқо, тайи ду соли ахир гароиши мардум ба инт ернет дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Имрӯзҳо мардуми бештаре аз шабакаҳои иҷтимоъӣ, аз ҷумла «Facebook» ва «Youtube» барои ибрози назароти сиёсии худ истифода мекунанд. Дар ин ду сойт ахиран тасовир ва видиюҳои танзомез дар бораи мақомоти баландпояи Тоҷикистон мунташир шудаанд.
Баъд аз изҳороти ахири Бек Зуҳуров, раиси Идораи иртибототи Тоҷикистон, дар бораи хоҳиши мулоқоти ӯ бо молики Фейсбук тасовир ва видиюҳои танзомез ва афкору назароти интиқодӣ дар бораи ӯ хеле зиёд пахш шудааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, ки пойизи имсол баргузор мешавад, мақомоти тоҷик аз асароти эҳтимолии интернет бар афкори умумӣ ва эҳтимоли такрори сенориюи кишварҳои арабӣ башиддат нигаронанд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/01/130130_zkh_internet_communication_control.shtml