Рӯзи 12 декабри соли ҷорӣ Ҷаласаи солонаи Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои ВАО-и ҶТ) баргузор мегардад. Ин ниҳоди ҷамъиятӣ, ки ба хотири назорат ва танзими «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» таъсис шуда буд, дар тӯли қариб чор соли фаъолияташ ба рисолати хеш то куҷо ҷавобгӯ буду ҳаст?
Нахустраиси Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Иброҳим Усмонов дар сӯҳбате бо хабарнигори мо андешаҳояшро перомуни ин масъала баён дошт.
— Шӯрои воситаҳои ахбори омма ба хотири татбиқи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» таъсис шуда буд. Хондаву шунидаем, ки барои қабули «Меъёрҳои ахлоқӣ…» баъзе аз нашрияҳо ва журналистон зид буданд, оё зиддияти онҳо ба таъсиси чунин як созмон (Шӯрои ВАО- и ҶТ) монеаҳое ба бор наовард?
— Мувофиқ будан ё набудани шахсе ва ё гурӯҳе ба ин ё он чиз, табиӣ мебошад, яъне ин ҳолати оддии ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Зид будани баъзе аз нашрияҳо ва журналистон барои таъсиси Шӯрои ВАО- и ҶТ душвории ҷиддӣ ба вуҷуд наовард, душворӣ танҳо дар он буд, ки бештар таблиғ кардан ва бештар фаҳмондан лозим шуд. Зиддияти онҳо зиддияти қавии мухолифати антагонистӣ набуд, яъне ба фаҳмиши онҳо вобастагӣ дошт. Аммо хуб шуд, ки баҳс пайдо шуд ва дар натиҷаи чунин баҳсҳо ба хулосае омадем, ки «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» барои ҷомеаи мо даркор аст. Барои мо ҳатмӣ набуд, ки ҳама бояд ин меъёрҳоро қабул кунад, меъёрро онҳое қабул карда метавонанд, ки ботинан ба ин чиз омода ҳастанд. Барои ҳамин, албатта, зид будан то андозае барои якдилона қабул кардани меъёрҳо халал мерасонд, вале ин халалрасонӣ маънои онро надошт, ки пеши роҳи корро мегирифта бошад.
Дар замони Шӯравӣ зарурати қабули меъёрҳои ахлоқ вуҷуд надошт, зеро Ҳизби Коммунистӣ аз ҷиҳати ахлоқӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва дигар хусусиятҳо матбуоти худро ҳифз мекард, яъне, матбуот хусусияти тобеият ба ҳизбро дошт. Баъди барҳам хӯрдани ин система матбуоти мустақил пайдо шуд ва зарурати танзим кардани одоби касбӣ ба вуҷуд омад. Барои ҳамин ҳам, Шӯрои ВАО ба ҳамин шева ва шакл ташкил ёфт. Иддае аз онҳое, ки қаблан мухолифи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» буданд, гумон мекарданд, ки ин ба пешрафти ВАО халал мерасонад. Аммо онҳо дар раванди фаъолият дарк карданд, ки Шӯрои ВАО баръакс, фоида дорад ва бинобар ин, ба мо ҳамроҳ шуданд.
— Ба роҳбари аввали Шӯрои ВАО, амалӣ гардонидани вазифаҳои Шӯро то чӣ андоза мушкилӣ дошт?
— Роҳбар танҳо набуд, Шӯро аз 9 нафар иборат буд ва ҳар яки онҳо ба ин ё он шакл, ба ВАО пайванд буданд. Шояд дар байни онҳо танҳо ман ба журналистикаи амалӣ пайваст набудам, яъне ман ба назарияи журналистика дахл доштам. Мо ки дар як ҷо кор мекардем, мушкилӣ ба як шахс намеафтид. Ман аз он хушнудам, ки дар раванди аввалин маҷлисҳои мо, ҳам аъзои Шӯрои ВАО ва муассисон, ҳама якдилона кор мекардем. Бинобар ин, дар пиёда кардани вазифаҳои Шӯрои ВАО мушкилие ба чашм намерасид.
— Оё шумо барои пиёда кардани мақсадҳои Шӯрои ВАО аз таҷрибаи ягон кишвар ва ё роҳбари чунин як ниҳоди журналистӣ истифода мекардед?
— На. Албатта, аз он чи ки медидаму аз матбуот мехондам, шояд чизе ба худ мегирифтам, вале масъалаи он, ки одоби касбии журналистӣ чӣ гуна бошад, дар фаҳмишу фикри ман вуҷуд дошт. Бояд ба шумо зикр кунам, ки се чиз дар заминаи пайдошавии Шӯрои ВАО буд: Аввалан, тақрибан даҳ сол пеш аз пайдошавии Шӯрои ВАО, дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯён дарси «Одоби журналистӣ» мегуфтам ва дар ин бора як китоб ҳам нашр кардаам. Яъне, тасаввуроти муайяне дар бораи он, ки одоби журналистӣ дар замони рушди ВАО бояд чӣ гуна бошад, доштам. Дуввум, созмони АМВАОМТ (НАНСМИТ), шурӯъ аз аввали асри 21 барои таъсиси чунин як Шӯро талош мекард. АМВАОМТ якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ дар саросари ҷумҳурӣ чанд семинару «мизи мудаввар» гузаронида буд. Дар ин гуна нишастҳо аллакай ҷустуҷӯи ба кадом проблемаҳои ахлоқ такя кардани рӯзноманигорон, пайдо шуда буд. Саввум, як гурӯҳ журналистони мо (журналистони нашрияҳои ҳукуматӣ ва ҳам ғайриҳукуматӣ) бо кӯмаки Дафтари Душанбегии САҲА барои иштирок дар семинарҳои журналистӣ ба Аврупо сафар карданд, диданд, огоҳ шуданд ва аз он ҷо мутмаин баргаштанд, ки таъсиси чунин Шӯро барои ҷомеаи журналистии Тоҷикистон низ зарур мебошад.
Ин се омил ба ман имконият дод, ки бо назардошти меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистии дигар кишварҳо, андешаи худро перомуни одоби журналистӣ, татбиқ намоям, яъне, таҷрибаи кадом як кишвар ва ё ягон шахсро ба шакли алоҳида наомӯхтам. Аммо дар таҳияи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон», аз меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистии дигар кишварҳо то андозае истифода кардем.
— Дар байни ӯҳдадориҳое, ки бар дӯши Шӯро гузошта шуда буд, кадомаш дар назари аввал буд, яъне, шумо корро аз чӣ сар кардед?
— Вазифаи аввалини мо, аз одат кунонидани ВАО ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ иборат буд. Ин ба он маънӣ, ки ВАО- и мо хеле мустақил буданд ва дар ин вақт баҳсҳои байниҳамдигарии журналистон, муаллифон ва нашрияҳо мавҷуд буд. Чунин талошҳо баъзан ба ҳадди дағал мерафт. Мо дар маҷлисҳои Шӯрои ВАО бевосита дар бораи ин ё он мақола сӯҳбат мекардем ва муаллифони онҳоро низ даъват менамудем, ки ин яке аз вазифаҳои асосии Шӯро буд. Барои ман муҳимтарин чиз ин аст, ки бояд журналист худашро эҳтиром кунад ва дар натиҷа эҳтироми шахси дигарро низ ба ҷо оварда метавонад.
— Дар давраи роҳбарияти шумо дар Шӯрои ВАО, моҷароҳои касбии рӯзноманигорон, баҳсҳо оид ба риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбии журналистӣ, баҳс миёни ВАО ва ҷомеа ва ё дигар ваколатҳои Шӯро то чӣ андоза ҳалли худро меёфтанд?
— Ду рӯзномаи бонуфузи ҷумҳурӣ, муддате ба чунин моҷаро гирифтор шуданд, яъне муҳаррири як рӯзнома, муҳаррир ва соҳиби рӯзномаи дигарро танқиди бисёр шадид карда, мақолае ба чоп расонд. Дар шумораи дигар бошад, аз рӯйи «анъана» ношири рӯзномаи дигар ба муқобили ин муҳаррир бо ғазаб мақола чоп кард. Инро мо метавонистем, ки дар Шӯрои ВАО муҳокима кунем, лекин ман бо онҳо дар шакли алоҳидагӣ сӯҳбат кардам ва як чиз дар миён гузоштам, ки оё аз рӯйи одоби журналистӣ аст, ки мо дар назди хонанда якдигарро таҳқир кунем. Натиҷаи ин корро мо дар маҷлисҳои минбаъдаи Шӯрои ВАО, албатта, ба миён гузоштем ва ба матбуот ҳам хабар додем, ки масъаларо муҳокима кардему масъала ҳалли худро ёфта истодааст. Баъди ин моҷарои миёни журналистон, боз ду нафар олим ба воситаи матбуот бо ҳамдигар ҷанг карданд ва мо онҳоро ба маҷлиси Шӯрои ВАО даъват карда, муҳокима намудем. Дар мақолаҳои мубоҳисавии минбаъда шакли таҳқир аз миён рафт.
Агар аслан гирем, он таҳқирҳои шадиде, ки дар соли 2010 буд, имрӯз дар матбуоти мо камтар ба назар мерасад. Шояд ҳамаи ин натиҷаи кори Шӯрои ВАО набошад, вале аз он ки ором шуданд, саҳми Шӯро ҳам, албатта, ба назар мерасад.
— Шӯрои ВАО дар гузоштани қадамҳои аввал, барои баланд бардоштани донишҳои касбӣ ва маърифати ҳуқуқии журналистон кадом таҷрибаҳоро ба кор мебурд?
— Дар гузоштани қадамҳои аввал мо ба таблиғи умумӣ машғул нашудем, яъне, омӯзишу ба журналистон таъсир расонидан дар давраи дуюм ба миён омад, ки дар ин давра Зинатулло Исмоилов раёсати Шӯроро бар ӯҳда дошт. Дар ин давра тарзи омӯзиш баргузор гардид ва дар минтақаҳои ҷумҳурӣ вохурии аъзои Шӯрои ВАО бо кормандони ВАО, хонандагони матбуот ва муаллифони фаъол баргузор гардид, ки дар ин ҷаласаҳо то андозае меъёрҳоро шарҳ додем. Ба ин васила мо имконият пайдо кардем, ки ҳадафҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар байни ҷомеа ҳарчи бештар тарғиб кунем.
— Дар муҳити имрӯзаи журналистика, Шӯрои ВАО барои такмил додани донишҳои касбии журналистон бояд кадом таҷрибаҳоро ба кор барад?
— Пеш аз ҳама, журналистонро бо эҷодиёти шахсиятҳое, ки чизҳои хуб менависанд, шинос кардан зарур аст; Дуввум, ба ҳама фаҳмондан лозим аст, ки вайрон кардани одоби сухан ба чӣ бурда расониданаш мумкин аст, яъне, ба ҷомеа чӣ гуна таъсири манфӣ мерасонад; Саввум, ба журналистон фаҳмондан даркор аст, ки кодекси ахлоқ ва кодексҳои журналистӣ барои чӣ лозим ҳастанд, дар кадом ҳолат бояд амал кунанд, ҳадафи неки журналист ба мақсади бад табдил наёбад, яъне, журналистонро ба хато кардану гуноҳ кардану ҷиноят кардан, набарад; Чорум, имконияти сухани озоди ВАО- ро ҳимоя кардан зарур аст, яъне имрӯз қувваҳое пайдо шудаанд, ки манфиати худро ҳимоя карда, ВАО- ро ба маҳкама мекашанд.
— Баъзе нашрияҳо ва журналистон ба Шӯрои ВАО таваҷҷӯҳ надоранд, ё баъзе бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» -ро қабул надоранд. Сабаби инро шумо дар чӣ мебинед ва ин чӣ паёмадҳо дорад?
— Аввалан бояд ба ин чиз эътибор надодан беҳтар аст, чунки ин хости худи шахс мебошад. Баъдан, кӣ намехоҳад, ки матбуот боодоб, боахлоқ бошад? Касе ки инро намехоҳад, вай аслан пайванде ба одоб надорад. Агар пайванде ба одоб медошт, ин одобро нафақат эҳтиром мекард, балки дар таблиғаш низ иштирок мекард. Эътироф накардан ё эҳтиром накардан, маънои онро надорад, ки Шӯрои ВАО аз кор мемонда бошад ё фаъолияти худро қатъ мекарда бошад. Шӯрои ВАО бо роҳи худ равон аст, агар касе ба вай ёрдам кунад, хурсанд мешавад, агар касе ба вай монеъ шавад, Шӯро кӯшиш мекунад, бо нармӣ монеаро сипарӣ карда, пеш равад. Фикр мекунам, аксарияти онҳое, ки ба журналистика сару кор доранд, ба Шӯрои ВАО эҳтиром доранд.
— Оё, ин ба фазои имрӯзаи журналистикаи Тоҷикистон таъсир намерасонад?
— Фазои имрӯзаи журналистикаи Тоҷикистон нисбат ба фазои журналистикаи аввали асри 21 беҳтар мебошад, яъне муҳити журналистии 5 соли охир аз 5 соли пештар хеле беҳтар ва оромтар аст.
— Ба назари шумо давраи аввали пайдоиш, Шӯрои ВАО- и ҶТ дар кадом зина қарор дошт ва имрӯз дар кадом сатҳ мебошад?
— Давраи аввал албатта, зинаи ибтидоии кор ба ҳисоб мерафт, яъне шурӯи танзими кор. Имрӯз бошад Шӯрои ВАО дар ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтари кор қарор дорад, яъне Шӯро мехоҳад, ки бо ташкилотҳо ва созмонҳои дигар ҳамкорӣ барқарор созад. Ягона душворие, ки дар имрӯзу гузаштаи Шӯрои ВАО ба чашм мерасид, мушкилии молӣ мебошад. Азбаски Шӯрои ВАО ягон манбаи доимии маблағгузор надорад, бисёр душвориҳо пеш меоянд, вале ман мутмаинам, ки ин мушкилӣ дер ё зуд ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
— Оё шумо аз фазои имрӯзаи Шӯрои ВАО хабардор ҳастед ва Шӯрои ВАО-ро чӣ гуна дидан мехоҳед?
— Яке аз мақсадҳои асосии ман ҳангоми ташкили Шӯрои ВАО ҳамкорӣ пайдо кардан бо мақомоти расмии ҳукумат буд. Мо албатта, бо ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳамкорӣ доштем, масалан ҳангоме, ки ба ноҳияҳо сафар мекардем, намояндагони мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ моро ҳамроҳӣ мекарданд. Лекин ман мехоҳам, ки ҳамкории Шӯрои ВАО бо мақомҳои расмии кишвар боз ҳам мустаҳкамтар бошад. Дар раёсати Шӯрои ВАО фаъолият доштани Қироншоҳи Шарифзода, ки аз ҷумлаи назарияпардозони журналистика буда, собиқаи калони кори амалӣ дар ВАО ва ҳам дар ҷомеаи шаҳрвандӣ дорад, ба ин умедвор месозад.
Мазбут Қосимов
http://faraj.tj/main/3772-ibro1203im-usmonov-k1251-nameho1203ad-ki-matbuot-boodob-boshad.html