[b]29-уми декабри соли 2010 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои зиёде ворид гардида, аз 1-уми январи соли 2011 мавриди амал қарор гирифт. Аз ҷумла, яке аз тағйироти воридгардида, ин барои ҳар як минтақаи кишвар музди меҳнати миёнаи номиналӣ муайян кардан, ба ҳисоб меравад. Тибқи ин санад барои шаҳри Душанбе музди номиналӣ 562 сомонӣ муайян карда шуд. Тағйироти мазкур бинобар хилофи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хилофи Қонуни меҳнат буданаш соҳибкорону кормандон ва ҳатто кормандони худи мақомоти андозро ба иштибоҳ андохт.[/b]
[b]Раҳбарияти Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ироаи мактуб-дастур нисбати навгониҳои Кодекси андоз, ки аз 1-уми январ ба ҳукми иҷро даромад, мораторияи муваққатӣ эълон намуд. Корхонаҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ, намоянагони иттиҳодияҳои тиҷоратӣ якҷоя бо мутахассисони Кумитаи андоз барои коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирот дар Кодекси андоз гурӯҳи корӣ ташкил намуданд. Зеро дар корхонаҳои хусусӣ ба ихтисор кардани кормандон аллакай шурӯъ намудаанд ва ҳатто баъзан аз ин тағйирот сӯистифода карда истодаанд. Аз ин рӯ, барои каме равшанӣ андохтан дар бораи ин навъи андозбандӣ мусоҳибае доштем бо Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон ва ҳамчунин узви Кумитаи иқтисод ва молияи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон.[/b]
[i]-Дар интиҳои соли гузашта ба «Кодекси андоз»-и ҶТ тағйиру иловаҳои зиёде ворид карда шуд. Мегуфтед, ки сабаби ворид намудани тағйирот чӣ буд ва он аз тарафи кӣ пешниҳод гашт?[/i]
— Ҳукумати ҶТ дар маҷлиси худ оиди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз 2-юми октябри соли 2010, таҳти рақами 482 бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ лоиҳа дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба парламент пешниҳод кард. Шӯрои Маҷлиси олии Маҷлиси намояндагон 11-уми октябри соли ҷорӣ таҳти рақами 360 онро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ҳамон рӯз эътиборан вакилон ва кумитаҳо бо ин лоиҳа шинос шуданд. Шӯъбаи ҳуқуқи парлумон мутобиқати онро бо қонунҳои амалкунанда ва байналхалқие, ки Точикистон онҳоро қабул намудааст, тасдиқ намуд. Кумитаи иқтисод ва молияи парлумон лоиҳаро дар ҷаласа пешниҳод намуд. Дар вақти пешниҳод кардан бештар аз 59 таклифу дархостҳо буданд. Ба моддаҳои 6,7,34,49, 54,60, 47, 70, 92,110 ,111, 137, 153 ва 311, 312, 304, 305-и Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Бештар тағйирот ба моддаи 137 дахл дорад. Дар моддаи 137, қисми 5 калимаҳои «на камтар аз музди меҳнати номиналии миёнамоҳонаи коргарони кироя» бо калимаҳои «дар давраи аз 1-уми июли соли ҷорӣ то 30-юми июни соли оянда на камтар аз музди меҳнати номиналии моҳонаи коргарони кироя дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор» иваз карда шуд. Яъне ҳамин тартиб ҳанӯз дар Кодекси андози пештара вуҷуд дошт ва он аз музди номиналии коргарони кироя гирифта мешуд.
Имрӯз аҳолӣ бештар чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар дар асоси шартномаи даҳонӣ ва ё хаттӣ кор мекунанд. Аз рӯйи баъзе рақамҳо то 600-700 нафар ва ё дар асоси маълумотҳои дигар то 1-1,5 млн нафар одамон дар хориҷи кишвар фаъолият мекунанд. Онҳо аз даромадашон ягон дирам андоз аз даромад намесупоранд, на дар Русия ва на дар Тоҷикистон. Ин гурӯҳ одамон шаҳрванди Тоҷикистонанд. Вақте ки дар ҷамъият инсон бо ягон кор машғул аст ва даромад мебинад, бояд аз даромадаш андоз супорад. Ҳамчунин андози иҷтимоӣ супорад, то вақти ба нафақа баромаданаш дар Хазинаи иҷтимоӣ захира шавад ва оянда он нафар нафақа бигирад.
[i]-Яъне Шумо гуфтаниед, ки муҳоҷирин ҳам бояд андоз супоранд? Агар ин тавр бошад, пас онҳо чӣ гуна инро амалӣ менамоянд?[/i]
-Бале, мувофиқи тағйироти мазкур муҳоҷирон низ андоз месупоранд. Гап дар сари он аст, ки меъёрро ҳокимияти қонунбарор маълум кард, вале механизми амалигардонии он ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун дар шароити кунунӣ бениҳоят мушкил аст. Ин қадами нахустин аст, ки аз коргарони кироя андоз ситонида мешавад. Дар асоси маълумотҳои оморӣ дар шаҳри Душанбе музди миёнаи коргарон 562 сомониро ташкил мекунад. Дар ноҳияҳо ин нишондод камтар аст. Дар Нораку Роғун ин зиёдтар аст, чунки ба ин минтақаҳо сармояи зиёд рафта истодааст, ҷойҳои корӣ бисёранд, мутахассисон маблағи зиёд мегиранд.
[i]- Кадом категорияи коргарон аз рӯйи музди номиналии 562 сомонӣ андоз бояд супоранд?[/i]
— Мардум ба иштибоҳ афтодааст, гӯё ки ҳама бояд аз маоши номиналии 562 сомонӣ андоз супорад. Не ин гуна нест. Нафаре, ки дар ин ё он ташкилот, субъекти хоҷагидорӣ, дар ин ё он фирма хоҳ хусусиву хоҳ давлатӣ дар он ҷое, маош таъин аст, коргари штатӣ аст, дар ведемост имзо гузошта, моҳона мегирад, дар асоси ҳамон маблағи мегирифтааш андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ месупорад. Шояд ягон коргар 1000 сомонӣ маош гираду нафаре 100 сомонӣ. Коргаре, ки 1000 сомонӣ моҳона мегирад, дар асоси ҷадвали Кодекси андоз аз ҳисоби 1000 ва нафаре, ки 100 сомонӣ мегирад, барои 100 сомонӣ андоз месупорад, вале маош аз 80 сомон кам набояд бошад.
[i]- Вале дар асоси гуфтаи муҳосибон он миқдори маошеро, ки пештар омода карда мешуданд, имрӯз дар мақомоти андоз қабул надоранд ва талаб карда истодаанд, ки маоши ҳар як коргар набояд аз 562 сомонӣ кам бошад. Яъне коргаре, ки барои мисол 200 сомонӣ маош мегирад, бояд аз рӯйи 562 сомонӣ андоз супорад…[/i]
-Ин комилан хатост. Кадом мақомоте, ки ба шумо ин гуна меъёрро талқин мекунад, нодуруст мегӯяд. Ин мардумро ба иштибоҳ андохтан аст.
Барои мисол, агар дар рӯзнома фаъолият мекунеду маошатон 100 сомонӣ аст, Шумо аз рӯйи сад сомонӣ андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромад месупоред. Лекин агар ягон нафар даъват кунад ва аз шумо хоҳиш намояд, ки матлабе омода созед ва бар ивазаш 200 ё зиёд аз ин маблағ диҳад, дар ин ҳолат бояд дар асоси моҳонаи номиналии 562 сомонӣ андоз супоред. Ё барои мисол, аз бозор мардикор кироя кардед, ягон кореро анҷом медиҳад, ки бар ивазаш мумкин то 400 сомонӣ дар як рӯз бигирад. Барои ӯ ҳам аз рӯи меъёри 562 сомонӣ андоз супорида мешавад.
[i]- Ин навъи андозбандӣ ба корхонаҳои давлатӣ ҳам дахл дорад?[/i]
— Бале, дахл дорад, ба шарте ки коргар кироя бошад. Масалан, ягон муҳандис даъват карда мешавад ва маблағи хубе барои кори дурӯзааш мегирад. Бояд дар асоси андоз аз маоши номиналӣ 562 сомонӣ супорад.
[i]-Масалан, шахсоне ҳастанд, ки бо рӯзнома дар асоси шартномаи хаттӣ ва ё шифоҳӣ ҳамкорӣ мекунанд ва онҳо барои як саҳифа матлаб барои мисол 50 сомонӣ гонорар мегиранд. Шояд ҳамкорони рӯзнома дар як моҳ 1 ё 2 саҳифа матлаб омода бисозанд, пас шакли андозсупории онҳо чӣ гуна хоҳад буд?[/i]
-Дар ин ҳолат агар корхона байни коргаронаш шартнома дошта бошад, дар он ҷо ҳамон маблағ нишон дода шуда бошад, ин маоши реалии шумо ҳисоб меёбад, аз ин ҳам бояд андоз бисупоред.
Аз ин рӯ, дар ҳолати воқеӣ будан, шумо ба Кумитаи андоз эъломия медиҳед, ки дар корхонаатон 200 сомонӣ маош мегиред ва дар баробари он қайд мекунед, ки бо дигар ҷой дар асоси шартнома ҳамкорӣ доред. Кордиҳанда бояд худ андозро ситонад. Вақте шумо мегӯед, ки дар ин ҷо 50 сомонӣ мегирам, барои мақомоти андоз як чизи нофаҳмост. Албатта, ба шубҳа мераванд, ки ин пинҳонкорӣ аст.
Мисол, электрик ва ё муҳандис 500 сомонӣ маош мегирад, аз рӯйи он андоз месупорад, вале рӯзҳои шанбе, якшанбе шояд дар асоси шартномаи даҳонӣ дар дигар ҷой кор кунад, Мумкин бархе дар бозори меҳнат дар як моҳ то 2000-5000 ҳазор кор мекунанд, вале онҳо ягон дирам андоз намесупаоранд. Барои ҳамин ин гуна меъёр муқаррар карда шуд. Ин маоши муқарраршуда ба коргарони кироя дахл дорад. Дар Кодекси андоз чунин омадааст: «Ҳар коргари кироя новобаста аз он ки кироякор ба таври ҳуҷҷатӣ ба расмият даровардашуда ё не. Соҳибкори инфиродӣ, ки фаъолияти худро дар асоси шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ кори инфиродӣ амал менамояд, бояд мутобиқи музди меҳнати воқеии гирифтаи ин коргар ба андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ андозбандӣ карда шаванд. Ҳамзамон барои ҳисоб кардани манбаҳои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ музди меҳнати чунин коргари кироя на камтар аз музди меҳнати номиналии коргарони кироя, ки дар ҶТ барои соли гузашта ташаккул ёфтааст, муайян гардидааст. Дар мо чунин нафарон зиёданд. Боз мегӯям, ки дар Русия чанд ҳазор нафар кор мекунанд, онҳо ҳам «наёмный», яъне кироя ҳастанд, боз 200 ҳазор нафари дигар ки имрӯз дар биржаи бозори мо нишастаанд. Ҳамчунин ошхонаҳо дар асоси патент кор мекунанд, вале маблағи пешхизматро дар киссааш мегузоранд. Инҳо ҳам бояд андоз бисупоранд.
[i]- Коршиносон бар он фикранд, ки андоз бояд ҳавасмандкунанда бошад, на буғикунанда. Вале бархе аз коршиносон андозҳои моро буғикунанда ном мебаранд. Фикри Шумо дар ин бора чӣ гуна аст?[/i]
— Андоз дар тамоми давраҳо новобаста ба шакли моликият бояд ҳавасмандкунанда бошад. Фарҳанги андозсупорандагон бояд баланд бошад ва андозсупоранда барои сари вақт супоридани андоз ҳавасманд гардад. Андоз барои зиёд шудани манбаъҳои андозсупоранда бояд мусоидат кунад. На ин ки онро буғӣ кунад. Яъне шаҳрванд ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшро хубтар бидонад. Дар ҳолати баҳс худро ҳифз карда тавонад. Вале мутаассифона, субъектҳои хоҷагидори мо ҳуқуқҳои хешро намедонанд.
Ман пешниҳод дорам, ки дар оянда қоидаҳои андозу андозситонии шаҳрвандон аз даврони мактаби миёна таълим дода шавад. Чунки баъди хатми мактаб шахс мустақил мешавад ва кор мекунад.
[i]- Ҳангоми қабули Қонун «Дар бораи ворид намудани андози аксизӣ ба хизматрасонии алоқаи мобилӣ» гуфта мешуд, ки ин навъи андоз ба муштариён таъсир намерасонад. Имрӯз бошад, он боз бар дӯши халқ аст. Чаро ин тавр шуд?[/i]
— Вазири мӯҳтарами молия ҳангоми баромадаш дар ҷаласа гуфт, ки ин ба муштариён таъсир намерасонад. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳар чизе, ки ба арзиши аслӣ ворид карда мешавад, он ҳатман ба нарх таъсир мерасонад. Зеро ширкатҳо аз киссаи худашон он андозро намесупоранд. Масалан, ӯзбекистон боҷи гузаштани мошинҳоро баланд бардошт, хоҳед нахоҳед он ба болои маҳсулот зам мешавад. Ё пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Суғдро мисол меорем, он ҳам ба ронанда дахл дошт, вале ронандагон он маблағро аз ҳисоби баланд намудани роҳпулӣ таъмин мекунанд.
[i]- Раиси Хазинаи байналхалқии асъор эълом карда, ки сиёсати андозбандӣ дар Тоҷикистон бояд таҷдиди назар шавад. Дар ин масъала чӣ андеша доред?[/i]
-Ин масъала дуруст аст. Вақте ки мо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намудем, парламенти касбӣ нав ба кор шурӯъ карда буд ва ин Кодекс дар шароите қабул карда шуд, ки айёми гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ буд. Тағйирёбии шаклҳои моликият буд. Акнун вақти он расидааст, ки Кодекси андози ҶТ мутобиқ ба талабот ва ҳолати воқеии иқтисоди Тоҷикистон таҳрезӣ ва қабул шавад.
[b]PS:[/b] Тибқи қонун мо аз Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти байни андозсупорандагон ва андозситонандагон, хоҳиш мекунем, ки тафсири қонуни мазкурро интишор намоянд. То дар ҷомеа нофаҳмӣ аз байн равад ва ҳамчунин аз қонуни мазкур бархе сӯистифода накунанд.
Уғулой Мухторова
Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12382&Itemid=28