Иҷлосияи нахусти вакилони тозаинтихоб бидуни иштироки ВАО-и мустақил

Иҷлосияи нахусти вакилони тозаинтихоби палатаи поёнии парлумон, ки ба санаи 17 март таъин шудааст, бидуни иштироки намояндагони васоити ахбори умуми мустақил доир мегардад. Ҳатто иштироки намояндагони ВАО-и давлатӣ ҳам маҳдуд мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, дар иҷлосияи мазкур иштирок ва суханронии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон назди вакилони тозаинтихоб дар назар буда, сарвари давлат дар бораи интихоботи санаи 1 март доиргардида ва вазифаҳои аввалиндараҷаи парлумони кишвар дар шароити муосир ибрози назар хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки дар иҷлосияи нахуст вакилон раиси палатаи поёнии парлумон, муовинони ӯ ва раисони кумитаву комиссияҳои соҳавии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб мекунанд.

http://news.tj/tj/news/i-losiyai-nakhusti-vakiloni-tozaintikhob-biduni-ishtiroki-vao-i-musta-il

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *