HRW дар бораи тақвияти маҳдудиятҳо дар арафаи интихоботи президентии Тоҷикистон

Соли гузаштаи Тоҷикистон «дар партави маҳдудияти ҳуқуқи инсон» баргузор шуда, дар арафаи интихоботи президентӣ дар кишвар (6-уми ноябр) тақвият ёфт», — гуфта мешавад дар гузориши солонаи созмони Human Rights Watch (HRW) ё Дидбони Ҳуқуқи Башар оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар беш аз 90 кишвари саросари ҷаҳон.

Дар гузориш зикр мегардад, ки номзади ягонаи мустақил ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова маҷбур шуд, ки аз маъракаи интихоботи президентӣ пеш аз муҳлат канор биравад, зеро ҷонибдорнони ӯ тарсонида шуда буданд.

Ҳамчунин дар гузориш гуфта мешавад, маҳз дар остонаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҳукуматдорон ба фишор болои озодии ибрози андеша тақвият бахшида, ба масъалаи истирдоди рақибони сиёсӣ, ҷорисозии назорати пурзӯр аз болои озодиҳои динӣ фаъолона кӯшиш ба харҷ доданд.

Ба андешаи муаллифони созмони мазкури ҳомии ҳуқуқ, мушкилоти истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон то ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мемонад.

«Қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар бахши риояи ҳуқуқи инсон ҳамчунин дар Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ ба мушоҳида расиданд», — зикр мегардад дар гузориш.

http://news.tj/tj/news/hrw-dar-borai-ta-viyati-ma-dudiyat-o-dar-arafai-intikhoboti-prezidentii-ikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *