Гузоришгари вижаи СММ: “Ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон бояд ҳис кунад, ки пуштибон дорад”

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки аз баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар худдорӣ кунанд.

Девид Кайе, гузоришгари вижаи СММ дар масоили озодии баён, ин матлабро рӯзи 9-уми март зимни як нишасти матбуотӣ баён кард. Вай гуфт, ин матлабро ба мақомоти Тоҷикистон ба миён гузошта, дар шарҳи он гуфтааст, ки тағйиру иловаҳо ба маҳдуд кардани фаъолияти аҳзоби мухолифи ҳукумат равона шуда, тақвияти қудрати президентро мадди назар дорад. Вай афзуд, далели дигар ин аст, ки раъйдиҳӣ дар шароити таъқибу фишорҳо ба аҳзоби сиёсӣ, бахусус динмеҳвар, созмонҳои ҷамъиятӣ ва матбуоти озод мегузарад ва баррасиҳои судии пас аз раъйдиҳӣ маҳдуд шудаанд.

Гузоришгари вижаи СММ гуфт, дар шароите, ки озодии баҳсу баррасии тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар ҷомиа вуҷуд надорад, баргузор кардани раъйдиҳӣ нигаронкунанда аст.

10-уми феврали соли равон Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 22-юми майро рӯзи раъйпурсии ҳамагонӣ эълон кард. Бино ба пешниҳоди Суди конститутсионии Тоҷикистон, ба 19 моддаи Конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳо ворид мешавад. Тибқи тарҳе, ки аз сӯи Суди конститутсионӣ пешниҳод ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагон таъйид шуд, моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 тағйиру такмил хоҳанд шуд.

Коршиносон дар ин миён поин овардани синни номзадӣ ба мақоми президентӣ аз 35 ба 30 солро муҳим мешуморанд. Ба бовари онҳо, дар интихоботи президентии соли 2020 президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи ширкат нахоҳад дошт, аммо то ин замон синни писари ӯ — Рустами Эмомалӣ, ҳоло директори Агентии мубориза бо коррупсия ва назорати давлатии молиявӣ ба 30 мерасад ва ҳуқуқи ширкат дар интихоботро ба даст меорад. Ҳамзамон, ба бовари коршиносон, ин тағйиру иловаҳо имкон медиҳанд, ки худи президент Эмомалӣ Раҳмон бар пояи “Қонуни Пешвои миллат” ҳуқуқи пешниҳоди номзадиаш ба президентии бемуҳлатро ба даст орад.

Гузоришгари вижаи СММ, ки бо даъвати ҳукумат як ҳафта ба ин сӯ дар Тоҷикистон буд ва бо намояндагони расмиву ҷомиаи шаҳрвандӣ – аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон ва васоити ахбори умум мулоқот кард, мегӯяд, Тоҷикистон дар як нуқтаи сарнавиштсози гардишӣ аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дорад. Девид Кайе афзуд, кишвар метавонад он дастовардҳоеро, ки дар роҳи озодии баён тайи 25 соли ахир ба даст овардааст, аз даст диҳад.

Дар гузорише, ки ӯ ҳамчун тавсиянома ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардааст, вазъи кунунии аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори умум муфассал ба баррасӣ гирифта шудааст. Вай вазъро хеле нигаронкунанда хонда, ба таъқибу фишорҳо алайҳи аҳзоб, созмонҳо ва расонаҳо, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ворид мешаванд, ишораҳои рӯшан кардааст. Дар ин гузориш омадааст, ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз қонунҳои мубориза бо терроризм (1999) ва экстремизм (2003) Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гуруҳи 24” – ро террористӣ ва экстремистӣ эълон кардааст. Ҳамчунин қазияҳои боздошти Зайд Саидов, ки мехост ҳизби нав бунёд кунад, Шуҳрат Қудратов, вакили дифоъи Зайд Саидов ва куштори раҳбари “Гуруҳи 24” низ дар ин гузориш бозтоб шудаанд. Гузоришгари вижаи СММ гуфт, мақомоти Тоҷикистон хоҳиши ӯ дар мавриди мулоқот бо аъзои боздоштшудаи ҲНИТ – ро рад кардаанд.

Дар гузориши ӯ омадааст, ҳарчанд масъулин мегӯянд, моддаи 30 – и Конститутсияи Тоҷикистон озодии баёнро кафолат додааст, аммо рӯзноманигорони тоҷик таҳти фишорҳои мустақим қарор дошта, ба хотири фирор аз онҳо рӯ ба худсонсурӣ овардаанд. Дар ин гузориш аз эҷоди маҳдудиятҳо дар шабакаи интернетӣ, аз ҷумла масдуд шудани Фейсбук, ВКонтакте, Ютуб ва Твиттер низ гуфта шудааст. Tellia Sonera, соҳибмулки ширкати Tcell гузориш додааст, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ширкат бастани 84 сомонаро тақозо кардааст.

Гузоришгари вижаи СММ мегӯяд, аз тағйирот дар қонунҳои Тоҷикистон дар баробари созмонҳои ҷамъиятӣ низ нигарон аст. Дар суҳбат бо ӯ намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ аз он шикоят кардаанд, ки мақомот манбаъҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти онҳоро таҳти назорат гирифтаанд.

Дар қисмати охири гузориши ӯ аз маҳдуд шудани озодиҳои динии мардум сухан меравад. Дар гузориш омадааст, ҳарчанд моддаи 26 – и Конститутсияи Тоҷикистон озодиҳои динии шаҳрвандонро кафолат медиҳад, мардон барои риш ва занон барои ҳиҷоб таъқиб мешаванд.

Девид Кайе гуфт, ин гузориш дар ихтиёри Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи башари СММ гузошта мешавад ва мақомоти Тоҷикистон моҳи майи соли равон дар ҷаласаи Шӯрои ҳуқуқи инсон далоили худро дар баробари он ироа хоҳанд кард. Вай гуфт, ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон бояд ҳис кунад, ки пуштибон дорад.

Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 узви Созмони милали Муттаҳид аст. Аз 4 апрели соли 1999 узви Созишномаи байнулмилалии озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аст, ки аз сӯи Ассамблеяи генералии СММ соли 1966 қабул шудааст. Ин санадро, ки озодиҳои фардӣ ва сиёсии шаҳрвандонро кафолат медиҳад, 168 кишвари ҷаҳон имзо кардаанд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/guzorishgari-vizhai-smm-chomiai-shakhrvandii-tochikiston-boyad-khis-kunad-ki-pushtibon-dorad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *