Коршиноси ҳуқуи башари Созмони Милали Муттаҳид Дэвид Кайе рӯзҳои 3-9-уми март барои арзёбии вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён ба Тоҷикистон меояд.
Дар хабарномае, ки сомонаи расмии раёсати олии комиссари СММ оид ба ҳуқуқи башар нашр кардааст, Дэвид Кайе гуфтааст, » бесаброни интизори онам, ки дар бораи вазъи озодии баён дар Тоҷикистон донам, ҳамчунин ташаббусҳо барои таъмини ин гуна озодиҳо ва риояи ҳуқи инсонро бифаҳмам”.
Дэвид Кайе ҳамчунин изҳор доштааст, ки алоқа дорад дар канори дигар масоил ҳамчунин оид ба мустқилияти воситаҳои ахбори омма, амнияти журналистон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мавод гирдоварӣ кунад.
Дэвид Кайе бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон вориди кишвари мо мешавад ва дар ҷараёни сафараш бо мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла бо вазирони адлия, фарҳанг, корҳои дохилӣ мулоқот хоҳад.
Ғайр аз ин вай бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, журналистон ва роҳбарони расонаҳои хабарии кишвар низ дидор хоҳад кард.
Баъди бозгашт қасд дорад, гузориши фарогиреро аз натиҷаҳои сафар ва диду боздидҳояш аз Тоҷикистон интишор диҳад ва ба ҳукумат ва ниҳодҳои давлативу ғайридавлатӣ тавсияҳои судмандеро ҷиҳати риояи ҳуқуқи инсон ва озодии баёну андеша ироа кунад.
Дар поёни сафар, рӯзи чоршанбе, 9-уми март соати 14:00 Дэвид Кайе дар бинои намояндагии СММ дар Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 39 дар як нишасти хабарӣ бо журналистон дидор ва аз натиҷаи сафараш ва хулосаҳояш нақл мекунад. Аммо аз ҳоло гуфта мешавад, ки ширкати журналистон дар ин нишаст хеле маҳдуд аст.
Гуфтанист, ки Дэвид Кайе аз ИМА моҳи августи соли 2014 гузоришгари вижаи СММ оид ба ҳуқуқи башар ва озодии баёну андеша таъин шудааст. Ин сафари аввалини ӯ ба Тоҷикистон аст.
http://www.tojnews.tj/tj/news/guzorishgari-mahsusi-smm-oid-ba-khukuki-bashar-ba-tochikiston-meoyad