Гурӯҳе аз занони мухолифи Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон бо зӯр вориди идораи ин ҳизб ва аз баргузории нишасти хабарии ӯ монеъ шуданд.
Ин рӯйдод субҳи рӯзи сешанбеи 10 декабр дар ҳузури хабарнигорон сурат гирифт. Оқои Зоиров хабарнигоронро чанд рӯз қабл ба мақарри ҳизбаш барои пӯшиши нишасте хабарӣ дар бораи натоиҷи сафарҳои ахираш ба Русия, Қирғизистон ва Укройн ва дидорҳояш бо муҳоҷирони тоҷику чеҳраҳои сиёсии ин кишварҳо даъват карда буд.
Дар ин воқеъа, ки дар Тоҷикистон собиқа надоштааст, яке аз занон, ки худро муъаррифӣ накард, ба Раҳматилло Зойиров даруфтод ва бо истифода аз алфози тунду тавҳиномез ӯро “хоини миллат” хонд.
Ин зан дар ҳоле, ки бар оқои Зойиров бонг мезад, аз ҷумла гуфт: “Шумо тинҷиро (оромиро) намехоҳед? Шумо ҷанг мехоҳед? Чаро дар Тоҷикистон ҷанг меандозед? Шавҳари маро дар Бадахшон куштанд, ман бояд хомуш бошам? Ту дар Бадахшон ҷанг андохтӣ!”
Дар посух ба суоли хабарнигорон, ки ин гурӯҳи занон кистанд ва ба чӣ хотир ба дафтари ҳизби сусиёл-демукрот ворид шуданд, яке аз онҳо хитоб ба оқои Зоиров гуфт: “Аз интернет фаҳмидем, ки дар Укройну Қирғизистон гуфтед, ки Раҳмонов ғайриқонунӣ президент шуд. Президент сулҳ кард, фарзандони моро нон медиҳад, ҳама ҷоро обод кард. Ту хойини миллат! Ту ҳеч вақт президент намешавӣ!”
Яке аз ин занҳо раҳбари ҳизби сусиёл-демукротро “ҷангандоз” хонд ва гуфт: “Агар ҷанг шавад, шумо мисли Абдуллоҳи Нурӣ гурехта мераведу халқи бегуноҳ нобуд мешавад.”
Зане бо рӯймоли сафед, ки ба назар мерасид раҳбари ин «гурӯҳи муътаризон» бошад, гуфт, ки онҳо ҳақ доранд “Зойировро зананд, кушанд.”
Ба далели шӯру ғавғое, ки ин гурӯҳи занҳо дар идораи ҳизби сусиёл-демукрот барпо карданд, Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизб, маҷбур шуд нишасти хабариро қатъ кунад.
Ин гурӯҳи занони муътариз нагуфтанд, ки оё марбут ба кадом ниҳод ё созмони сиёсӣ ҳастанд, аммо онҳо мусалламан ба ҳадафи худ, ки зоҳиран монеъ шудан аз баргузории нишасти хабарии Раҳматилло Зоиров, аз мухолифони давлати Тоҷикистон, будааст, расиданд.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки мумкин аст ин амал аз ҷониби ниҳодҳои амниятии кишвар ба манзури ҷилавгирӣ аз суханронии Раҳматилло Зойиров дар бораи эътирозҳои мардум ва муборизоти сиёсӣ дар Укройн ва Қирғизистон созмон дода шудааст.
Оқои Зойиров гуфт, ки дар зарфи 6 рӯзи ахир дар тазоҳуроти мухолифони давлати Укройн дар майдони марказии шаҳри Киев ҳузур дошт ва бо Виталий Кличко ва Олег Тенобок, раҳбарони аҳзоби мухолифи “Удар” ва “Свобода”-и Укройн, мулоқотҳо анҷом дод.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз корбарони Фесйбук аксҳои занҳои муътариз дар дафтари ҳизби сусиёл-демукротро дар канори аксҳои тазоҳуркунандагон дар назди сафорати Омрико дар шаҳри Душанбе, ки авоили соли ҷорӣ барпо шуд, мунташир карда ва таваҷҷуҳи умумиро ба яксон будани чеҳраҳои муътаризон дар ҳарду рӯйдод ҷалб кардаанд.
Рӯзи 5-уми апрел гурӯҳе аз занону мардони ҷавон ба унвони эътироз аз озодии Абдумалик Абдуллоҷонов, мухолифи давлати Тоҷикистон, аз боздошт дар Укройн дар рӯбарӯи сафорати Омрико ва идораи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе таҷаммуъ карда буданд.
Онҳо дар шиъорҳои худ аз Омрико тақозои баргардондани Абдумалик Абдулоҷонов, паноҳандаи сиёсии Тоҷикистон дар Омрико ба Ватанро мекарданд, дархосте ки мақомоти укройнӣ ба далели риъояти муқаррароти байналмиллалӣ дар бораи паноҳандагии сиёсӣ анҷом надоданд.
Дар онҷо низ муътаризон аз хиёнат ба миллат садо баланд карданд, ва масалан ҷумлаи “То кай Иёлоти Муттаҳида хоини миллати тоҷикро пинҳон мекунад?” яке аз шиъорҳои онон буд.
Маъмурони амниятӣ ва пулис дар Тоҷикистон маъмулан ҳар гуна таҷаммуъи эътирозиро билофосила саркӯб мекунанд, аммо ин бор маъмурон танҳо пас аз як соъат ба маҳалли ҳодиса расиданд. Соҳибназарон ҳадс заданд, ки ин гурӯҳи эътирозӣ аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ созмон дода шуда буд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/12/131210_mm_zairov_briefing_protest.shtml