Модари чоргоникҳо зимни ибрози ин хоҳишаш ба Faraj.tj гуфт, ки бо гузашти қариб ду ҳафта то ба ҳоло ба фарзандонаш ном намондааст.
— Ман аз таваҷҷуҳи Президенти кишвар, ки нисбат ба занону модарони ҷавон зоҳир мекунанд, бисёр миннатдорам. Хеле хурсандам, ки дар ҳаққи тифлакони ман ҳам ғамхорӣ карданд. Аз ин рӯ, мехоҳам, ки фарзандонамро худи муҳтарам Ҷаноби Олӣ ном гузоранд ва дар ҳаққи кӯдаконам дуои нек кунанд. Он кас барои фарзандонам бобо ба ҳисоб мераванд, — афзуд Гулшан Маҷнунова.
Модари чоргоникҳо дар идомаи сӯҳбаташ аз кормандони телевизиони «Сафина» изҳори норозигӣ кард, ки суханони ӯро дар бобати номгузории фарзандонаш аз ҷониби Президент қайчӣ кардаанд:
— Аз ТВ «Сафина» омада, саволу ҷавоб карданд, кӯдаконро ба навор гирифтанд, маро хеле ғам доданд, вале хоҳишамро пахш накарданд ва дархости маро ба Ҷаноби Олӣ нарасонданд, — гила кард модари ҷавон.
Ёдовар мешавем, ки Гулшан Маҷнунова, сокини маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе, 30 январи соли равон дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт 4 тифли солим ба дунё овард.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонбо хушнудӣ аз хабаритаваллуди чоргоникҳо ба мақомот дастур дод, ки барояшон як хонаи 3 ҳуҷрадор тақдим кунанд.Бино ба хабарҳо, калиди хонаи нав дар арафаи иди Наврӯз ба ин оила супорида мешавад.
Зимнан, то ба имрӯз таваллуди чоргоник дар Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда буд.