Freedom House: Дар Тоҷикистон сатҳи демократия поин меравад

Дар гузориши нави созмони амрикоии ғайриҳукуматии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё худ Хонаи Озодӣ рушди демократия дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамсоякишварҳо дар минтақа манфӣ арзёбӣ мешавад.

Дар гузориши созмон таҳти унвони «Кишварҳои дар ҳоли гузариш-2015», ки имрӯз, 12 апрел мунташир шуд, вазъи рушди демократия дар кишварҳои ИДМ ва Аврупои Шарқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки соли гузашта дар Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои демократия «афтиши драмавӣ» ба мушоҳида расидааст, ки дар ин робита ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамсояҳои худ дар минатқа қафо мондааст.

Дар гузориш вазъи демократия дар 29 кишвари минтақаи бузургмиқёс — аз Аврупои Марказӣ то Осиёи Марказӣ ба риштаи таҳлил кашида шудааст.

Freedom House вазъ дар кишварҳоро бар асоси вазъи ҷараёни интихобот, мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ, сатҳи мустақилияти расонаҳо, мизони коррупсия, сифати идоракунии миллӣ ва маҳаллӣ ва мустақлияти низоми судӣ баҳогузорӣ кардааст.

Дар гузориш қайд мешавад, ки бо назардошти мушкилоти иқтисодӣ кишварҳои пасошӯравӣ ба таҳдиди амният рӯ ба рӯ шуданд.

Ба гуфтаи Нейт Шенкан, яке аз муаллифони гузориш, дар Тоҷикистон соли гузашта ба мухолифини фишори бесобиқа сурат гирифта, Қазоқистон ва Қирғизистон бо мақсади назорат аз болои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳуқуматӣ қонунҳо қабул ва ба Русия дар «навгониҳояш дар бахши маҳдудиятҳо» пайравӣ карданд.

 

http://news.tj/tj/news/freedom-house-dar-ikiston-sat-i-demokratiya-poin-meravad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *