Фишори милиса ба фаъолияти касбии журналист

Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон, нисбати кормандони Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд, вобаста ба эҷод кардани монеа ва зӯран ба ШКД бурдани собиқ хабарнигори минтақавии «Фараж» ва феълан хабарнигори ОИ «Тоҷнюс» дар як мусобиқаи варзишӣ, ҳангоми иҷрои фаъолияти касбӣ ба прокуратура  аризаи шикоятӣ бурданӣ аст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ имрӯз ин хабарро тасдиқ намуда, гуфт, ки дирӯз кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд ҳангоми фаъолияти касбӣ, ба кори хабарнигор Қамари Аҳрор, ҳангоми наворбардорӣ аз ҷараёни мусобиқаи бокс, монеъ шуда, ӯро зӯран ба ШКД бурдаанд.

Худи Қамари Аҳрор дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфтааст, ки вақте Мавзуна Чориева муҳориба дошт, вай ба назди ринг омада аз наздиктар мехостааст, муҳорибаро ба навор гирад, вале кормандони милиса монеи ӯ шуда, маҷбураш кардаанд, ки толорро тарк кунад. Аммо чун вай хостааст, ки навори видеояшро ба охир расонад, кормандони милиса ӯро ба зурӣ ба ШКД бурда, пас аз навишани протокол ва гирифтани баёнот раҳояш кардаанд.

http://faraj.tj/news/5977-fishori-milisa-ba-faoliyati-kasbii-zhurnalist.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *