Фишор ба хабарнигори «Нури зиндагӣ» ва хешовандонаш

[b]Суди ноҳияи Ашти шимоли Тоҷикистон нисбат ба хабарнигори маҳаллии «Нури зиндагӣ» дар асоси 4 банди Кодекси ҷиноии ҶТ, амсоли «тамаъҷӯӣ» парванда боз намуда, 4 моҳ инҷониб ӯро дар боздошт нигоҳ медорад.[/b]

Ин ҳам дар ҳолест, ки боздошти хабарнигори маҳаллии «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Муҳаммадюсуф Исмоилов ба хотири нашри маводи танқидӣ доир ба фаъолияти мақомоти маҳаллӣ 4 моҳ қабл сурат гирифта буд. Номбурдаро суди мазкур ба ғайр аз «тамаъҷӯӣ» боз аз рӯи 3 банди дигари Кодекси ҷиноии ҶТ, яъне барои барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ ва маҳалгароӣ, паст задани шаъну шарафи инсон, таҳқир ва тӯҳмат тавассути ВАО айбдор мешуморад.

Дар робита ба ин, ҳимоятгар Муҳаббат Ҷӯраева, ки ниҳоят бо зерҳимояаш Исмоилов вохӯрдааст, изҳор дошт, ки тафтиши парванда бо фишор болои зерҳимояаш ва хешовандонаш сурат мегирад.

— Ба Исмоилов аз рӯи банди «тамаъҷӯӣ» тӯҳмат карда истодаанд. Замоне қабл зерҳимояам тақрибан солҳои 2009 хона месозад ва аз як ҷиянаш чанд миқдор тахта барои пӯшидани хона мегирад. Ҷияни мавсуф дар ҳукумати ин маҳал кору фаъолият мебурдааст ва бархе аз кормандони ҳукумати маҳаллӣ ӯро таҳти фишор гирифта, маҷбур кардаанд, то ӯ даъво бубарад, ки Исмоилов Муҳаммадюсуф он масолеҳи сохтмониро аз вай бо роҳи «тамаъҷӯӣ» гирифта будааст,- афзуд ҳимоятгар.

Ҳамзамон, М. Ҷӯраева (ҳимоятчӣ)-ро фишор болои Исмоилов ва аҳли пайвандону наздиконаш зимни тафтиши парванда нигарон кардааст, зеро бино ба гуфтаи ҳимоятгар, дар баробари ин, банди «тамаъҷӯӣ» гунаҳкори ҷурмро то 10 сол аз озодӣ маҳрум месозад.

Дар ҳамин ҳол, Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон боздошти хабарнигори маҳаллии «Нури зиндагӣ»-ро ҷавоби мақомоти маҳаллӣ нисбат ба навиштаи интиқодии номбурда унвон кардаанд ва дар баробари ин, хостори раҳоии Исмоилов шудаанд.

Шаҳриёр КАБИР, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=12963&Itemid=28

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *