ФИРОР АЗ СУОЛҲО Ё БЕМАСЪУЛИЯТӢ…?

Соле, ки амри Президент оид ба доир кардани нишастҳои матбуотӣ содир шуд, аз сиёсатҳои дари бози Ҳукумат дар қиболи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дарак дод.

Аввал нишаст баъди ҳар як семоҳа доир мешуд, баъдан шашмоҳа гардид. Ҳоло журналистон афсӯс мехӯранд, ки чаро барои нигоҳ доштани ҳамон нишасти семоҳа талош накарданд. Зеро барои ҳар як журналист ҳар рӯз барои тасдиқи маълумот ё хабар ҳатман мавқеъ ё тасдиқи мақомоти масъул лозим аст, вале дастрасии мақомот кори саҳлу содда нест. Мешавад, ки моҳҳо барои дарёфти масъулон ба мақомот биравӣ ё интизори «боздид» дар ягон чорабинии дигар шавӣ. Ин ҳолат ба ҳамаи мо, хабарнигорон, хос аст. Дар ин бахш байни хабарнигори нашрияи давлатӣ ва ғайридавлатӣ фарқ нест. Агар хабарнигор аз рӯйи мушоҳидаи касбӣ маводро ба чоп расонад, баъдан мақомоти масъул аз ӯ норозӣ мешаванд, ки назари онҳоро нагирифтааст. Ё барои яктарафа инъикос кардани масъала даъвоҳо то суд кашида мешаванд. Пас, журналист чӣ кор бояд кунад?

Ин муносибат, яъне пайдо карда натавонистани масъулон борро ба рӯйи нишастҳои матбуотӣ мепартояд. Журналистон суолҳо ва мавзӯъҳои пажӯҳишии худро то нишастҳои матбуотӣ ба амонат мегузоранд. Аммо на ҳама роҳбарон ва масъулон ба суолҳо ҷавоби дақиқ дода метавонанд. Ҳатто баъзе роҳбарон ба пурсишҳои журналистон дағалона посух медиҳанд. Журналист ҳам вазифаи худро иҷро мекунад ва бо истифода аз ҳуқуқҳояш бояд суол диҳад.

Дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати кишвар Абдусамад Раҷабзода, сардори хадамот танҳо як посухи норӯшан дошт: «Меъёри қонуниро ташкил надодани моликон мо ҳуқуқи нархи онҳоро паст кардан надорем». Ӯ маводи онлайнии бозори кишварро пешниҳод мекард, ки он барои мутахассисони соҳа таҳия шудааст, на барои журналистон. Ин буд, ки яке аз хабарнигорон бори дигар хоҳиш кард, ки посухҳо «илмӣ» не, балки омиёна фаҳмонда шаванд.

Суоли мо дар мавриди фаъолияти зиддиинҳисорӣ оид ба нархи нақлиёти хизматрасонӣ дар пойтахти кишвар буд, ки шаҳрдории Душанбе охири соли гузашта баланд шудани нархро эълон карда буд.

— Мо ҳуқуқи паст кардани нархи роҳкирои нақлиёти мусофиркашониро надорем, — гуфт Абдусамад Раҷабзода. Суоли дигари хабарнигорон ин буд, ки чаро нархи хонаҳои истиқоматӣ рӯз ба рӯз баланд мешавад, дар ҳоле ки семент дар Тоҷикистон истеҳсол мегардад. Посух ин буд:

— Дар биноҳои истиқоматии нав лӯлаҳои коммуналии он (обу корез) аз сари нав сохта мешаванд, барои ҳамин нарх баланд аст».

Дар мавриди нархи маҳсулоти ғизоӣ, дору ва ҳисоби сарфи маблағ барои тайёр кардани ҳар як маҳсулоти ғизоӣ ва аз рӯйи он гузоштани нарх, масъули хадамот мегуфт, ки ҳуқуқи нарх гузоштан надоранд. Абдусамад Раҷабзода далел меовард, ки ба сабаби он ки ягон субъекти хоҷагидорӣ 25 дарсади бозорро ташкил намедиҳад, хадамот ба нархгузории онҳо ҳуқуқи дахолат карданро надорад. Пас, агар як субъекти хоҷагидор (дар бозор фаъолият дошта) маҳсулоти худро даҳ баробар баланд нарх монад, бинобар сабаби он, ки субъект дар бозор 25 дарсадро ташкил намедиҳад ва нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонӣ 5 сомонӣ ҳам гардад, хадамот дар асоси қонун ба нарх таъсир гузошта наметавонад. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки ҳамин 25 дарсад муқаррар кардани субъекти хоҷагидор дар бозор субъектҳоро фаъол кардааст. Зеро онҳо мутмаинанд, ки 25 дарсади бозорро ташкил намекунанд ва назорат аз болои нархи онҳо хилофи қонун аст, ҳар қадаре хоҳанд, нарх мегузоранд. Ё кӯшиш мекунанд, ки субъекташонро то 25 дарсад нарасонанд.

Пас, агар чунин аст, чаро масъулони идораҳои дахлдор садди роҳи ин монополия намегарданд? Бигузор 10 дарсади бозорро ташкил кунанд, аммо нархи маҳсулоти онҳо бо назардошти сабади истеъмолии аҳолӣ бошад ё не? Сабаби посухҳои дақиқ надодан ё хок пошидан ба чашми журналистон зиракист ё надонистани масъулият?

Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳам ба суолҳои журналистон бо оҳанги дағал ҷавоб мешуд. Силоҳи журналист суоли ӯст. Ҳатто баъзе роҳбарон омода нестанд, ки ба суол посух диҳанд. Роҳи осони аз вазъият баромадан, «маълумот дар дастам нест, баъд ба Шумо пешниҳод мекунам» аст. Масалан, дар нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба санҷиш дар низоми нафақахӯрон суол додем. Абдуфаттоҳ Ғоиб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки ҳамеша посухҳои дақиқ дорад, аз сабаби зиёд будани суолҳо ба яке аз муовинонаш супориш дод, ки маълумотро баъди нишаст ба журналист диҳад. Ин агентӣ яке аз идораҳои масъул ва ботаҷриба аст, ки барои нишаст вақтро 1 ё 2 соат муқаррар намекунад, то охирин суол онҳо ҳозиранд, ки посух диҳанд. Дар ин қатор Кумитаи телевизион ва радио, Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина», Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ҳам ҷой доранд. Ин таҷрибаро бояд дигар идораҳо низ истифода баранд.

Нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамагӣ як соат идома ёфт. Аз соати 11-00 то 12-00, ҳарчанд суолҳои хабарнигорон тамом нашуда буд, раиси кумита нишастро ҷамъбаст кард. Журналистон ҳам ба ин тан доданд ва дар роҳрав кӯшиш мекарданд, ки ба суолҳои худ посух гиранд. Хулоса, шояд ҷавобҳои дақиқ дода натавонистан ё аз ҷавоби суол гурехтани баъзе роҳбарон сабаби соҳаро дуруст надонистани онҳост. Чун вақте рисолати соҳаро роҳбар дарк намекунад, табиист, ки пешравӣ нест ва ин боиси коста шудани эътимод мегардад. Намедонам, вазорату идораҳое, ки ба суолҳои хабарнигорон посухи дақиқ дода наметавонанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент чӣ гуна гузориш медода бошанд?

Ё роҳбароне ҳастанд, ки дар нишастҳои матбуотӣ бо баҳонаи «сафари хориҷӣ» доштан ширкат намеварзанд ва ин боиси он мегардад, ки муовинҳо ба суолҳо посух намедиҳанд. Аммо дар баъзе вазорату идораҳо муовинон пухтатаранд. Масалан, дар Хадамоти гумрук муовинон ҳамеша муносибати хуб ва посухҳои дақиқ доранд ва вақтро ҳам маҳдуд намекунанд. Пас чаро ин таҷрибаро дигар вазорату идораҳо наомӯзанд?

Дар нишастҳои баъзе муассисаҳо ё идораҳо, аз сабаби он ки чанд идораи дигар нишасти матбуотӣ дорад, журналистон иштирок карда наметавонанд. Агар мо хоҳем, ки камбудиҳоро сари вақт дарк намоем, роҳи ҳалли онҳоро ёбем, пас бояд ба журналистон, ҳукумати чаҳорум такя намоем ва дар қиболаш посух дошта бошем. Ҳамон қадар аз дурбини журналистон фирор намудан, ҳамон андоза вазъро мушкил ва печидатар мекунад. Ҳол он ки ҳадафи ҳамаи мо ободии ин Ватану таъмини ҳаёти шоистаи миллат мебошад.

Ҳарамгули ҚОДИР, «Ҷумҳурият».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *