Субҳи 11-уми ноябр дар Тоҷикистон шабакаи иҷтимоии Фейсбук баъди масдудияти беш аз даҳрӯза фаъол гардид.
Бино ба навиштаи корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон субҳи имрӯз ба роҳатӣ вориди ин шабака шудан имконпазир гардидааст.
Охирҳои моҳи октябри соли равон аз ҷониби ширкатҳои фароҳамсози интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук масдуд гардид.
Он вақт як манбаъ аз Хадамоти алоқа гуфт, ки ба ширкатҳои интернетрасон мактуб ирсол кардаанд, ки бо сабабҳои профлактикӣ муваққатан дастрасӣ ба Фейсбук маҳдуд карда шавад.
Дар моҳи октябр маротибаи аввал набуд, ки дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон масдуд мегардад. Аз 6-ум то 12-уми моҳи октябр низ дастрасӣ ба чандин сомона аз ҷумла Фейсбук маҳдуд гардида буд.
http://tojnews.org/facebook-dar-tojikiston-az-nav-dastras-gardid