Фазои иттилоотӣ ва манотиқи наздисарҳадӣ

[b]Фазои иттилоотӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии шаҳру навоҳии Панҷакент, Мастчоҳ ва Зафаробод хеле нигаронкунанда аст. Расонаҳои хабарӣ бонги изтироб мезананд, ки фазои иттилоотӣ дар шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ ба дасти бегонаҳо гузаштан дорад. Ҳоло мавҷҳои шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон дар ҷанги самовию иттилоотӣ аз мавҷҳои шабакаҳои миллӣ пурзӯранд, ки ин ба миллат хатари ҷиддӣ дорад.[/b]

[b]Дифоъ аз фазои иттилоотии минтақаи наздисарҳадии Суғд[/b]

Бино ба иттилои Маркази иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилоят алҳол дар вилояти Суғд 17 нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, 3 рӯзномаву 2 маҷаллаи вилоятӣ, 9 нашрияву 1 маҷаллаи хусусӣ, 1 телевизион ва радиошабакаи «Суғд» 6 телевизиону 3 родиёи хусусӣ (аз рӯи мавҷи FM) ва феълан 2 сомонаи расмии давлатӣ фаъолият мебаранд, ки ҳар чӣ бештару пештар баҳри таъмини фазои иттилоотии вилоят кӯшиш доранд.

Дар робита ба ин, рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», ки аз моҳи январи соли 2011-ум ҳафтае 3 маротиба бо теъдоди беш аз 5000 нусха ба табъ расад ҳам, ё ТВ «Суғд», ки қаблан аз моҳи декабри соли 2007-ум бо дастгирии Кумитаи телевизион ва родиёи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз пахши барномаҳои яксоата ба шабакаи алоҳида бо пахши барномаҳои ҳаштсоата гузашта, дар натиҷа 46%-и аҳолии вилоят имкони тамошои барномаҳои ин телевизионро пайдо намуда бошанд ҳам, аммо ба гуфтаи мутахассисон «алъон ин ҳам ҷавобгӯи талабот нест». Зеро, бино ба маълумоти Маркази интиқоли мавҷҳои родиё ва телевизионӣ дар вилоят «мушкилоти фазои иттилоотии шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ дар сатҳи миёна қарор дошта, аз 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар 9 шаҳру ноҳияи ин вилоят, аз ҷумла дар 4 шаҳру ноҳияи наздисарҳадӣ – Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ ва Панҷакент, пахши ТВ «Суғд» ба назар намерасад. Дар баробари ин, аксари коршиносон бар ин назаранд, ки имрӯзҳо васитаҳои ахбори омма фазои иттилооти кишварро ба пуррагӣ наметавонад фаро гирифта бошанд. Азбаски сифати барномаҳои телевизиону родиё ва мавзӯъҳои ҷолиб ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ нестанд, мардум ба дигар васоити иттилоотӣ рӯй хоҳанд овард.

Ҳамзамон чанде қабл, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО-и ин вилоят аз фаъолияти бархе аз расонаҳои хабарӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки имрӯзҳо мазмуну мӯҳтавои нашрияҳои давлатии бархе аз шаҳру навоҳии вилоят хеле коста гаштааст.

— Аз ҷумла расонаҳои электронӣ, мисли сомонаи расмии маъмурияти вилояти Суғд, ягон расонаи хабарӣ надоштани шаҳри Табошар, бо теъдоди кам ба чоп расидани нашрияҳои «Зарбдор»-и Зафаробод, «Паёми кӯҳистон»-и Кӯҳистони Мастчоҳ, «Паёми Истаравшан»-и Истаравшан ва амсоли инҳо басо нигаронкунанда аст, — таъкид намуд Ҷумъабой Сангинов.

Дар ин росто, як тан аз таҳлилгари тоҷик Ҷӯра Юсуфӣ дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки воқеан ин мушкилот, мушкилоти нав набуда, ҳанӯз аз даҳаи аввали оғози асри ХХI шурӯъ гаштааст ва борҳо доир ба ин масоил расонаҳои хабарӣ бонги изтироб заданд, ки фазои иттилоотӣ дар шаҳру навоҳии наздисарҳадӣ ба дасти бегонаҳо гузаштан дорад.

— Ишғоли фазои иттилоотии мо асосан аз тарафи расонаҳои Ӯзбекистон 2 сабаб дорад: якум, дастрасии комилу пурра надоштани мардум ба ҳамаи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ва родиё аст. Зеро ҳанӯз дар ин навоҳӣ сад дар сад мардум аз ин барномаҳо бархӯрдор нестанд ва сониян онҳо ба телевизион ва радиошабакаҳои ватанӣ дастрасӣ дошта бошанд ҳам, бештар ба барномаҳои телевизионҳои ҳамсоя таваҷҷӯҳ доранд; дуюм, меъёри касбият ба миён меояд, ки ин расонаҳои мо истеъдоди пахши барномаҳои ҷолибу сифатан беҳтарро надоранд ва бояд дар ин маврид хеле кор кард. Дар ин замина, он журналистоне, ки воқеан касбиянд, бо маоши зиндагии шоиста бояд таъмин намуд ва чун эҳсос намуда бошед, дар барномаҳои телевизионии мо ахбори расмӣ хеле зиёд пахш мешаванд. Он барномаҳое, ки аз 7 то 70-сола интизор шаванд, гуфтан мумкин аст, ки анқариб вуҷуд надорад.

Зимнан мавсуф изҳор дошт, ки имрӯзҳо аксари телевизионҳо, амсоли телевизионҳои Ӯзбекистон, ки бештар бо пахши сериалҳои туркиву куриёиву чинӣ маҳбубият пайдо кардааст ва мардум ба ин гуна сериалҳо одат кардаанду ҳатто интизор ҳам мешаванд, пас дар телевизионҳои мо низ чунин сериалҳои ҷолибро нишон дод, то мардум тамошо намуда бошанд.

Аз рӯи маълумоти Маркази интиқоли мавҷҳои родиё-телевизионӣ дар вилояти Суғд маълум гардид, ки имрӯзҳо пахши телевизионҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру навоҳии наздисарҳадии вилоят, хоса Ашт — «Шабакаи аввал» — 99,5%, ТВ «Сафина» — 35,22%, ТВ «Баҳористон» — 20,78%, ТВ «Ҷаҳоннамо» — 46%, ТВ «Суғд» — 0%; Зафаробод — «Шабакаи аввал» — 100%, ТВ «Сафина» — 70,3%, ТВ «Баҳористон» — 90%, ТВ «Ҷаҳоннамо» — 70,3%, ТВ «Суғд» — 0%; Мастчоҳ — «Шабакаи аввал» — 98,0%, ТВ «Сафина» — 72%, ТВ «Баҳористон» — 72%, ТВ «Ҷаҳоннамо» — 0%, ТВ «Суғд» — 0%; Панҷакент — «Шабакаи аввал» — 99,3%, ТВ «Сафина» — 37,85%, ТВ «Баҳористон» — 37,47%, ТВ «Ҷаҳоннамо» — 67,6%, ТВ «Суғд» — 0% ва амсоли инҳо ба пуррагӣ дастрас набуда, аксари минтақаҳои вилоятро фарогир нест.

Маҳмудҷон Дадобоев – як тан аз коршиноси воситаҳои ахбори омма доир ба фазои иттилоотии шаҳру навоҳии наздисарҳадии ин вилоят ва дастрасии мардум ба онро чунин арзёбӣ намуд.

— Фазои иттилооотӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии шаҳру навоҳии Панҷакент, Мастчоҳ ва Зафаробод хеле нигаронкунанда аст. Барои таъмини фазои иттилоотӣ бояд дар баробари дигар расонаҳои иттилоотии дастраси мардум буда маводи ҷолиби диққатро пешниҳод карда бошем. Яъне, ҳарчанд мо фазои иттилоотиро бо расонаҳои худӣ таъмин намоем ҳам, агар он рақобатпазир набошад, ин зӯри беҳуда аст. Зеро, сифати маводро беҳтар намуда, истеҳсолкунандаи худиро дастгирӣ намудан лозим меояд. Мо бояд низ талаботи хонанда, шунаванда ва бинандаро омӯзем ва барои қонеъ кардани онҳо матолиби тозаро пешкаш намоем, то аз он ҳамешагӣ истифода намоянд.

Ҳамзамон, Ҷӯра Юсуфӣ шабакаи аввали родиёиро назар ба телевизион дар деҳот воқеан ҳам хуб арзёбӣ намуда, гуфт, ки ин родиё шунавандаи зиёд дорад ва тавонистааст бо барномаҳои мухталифи адабиву таърихӣ ва дигар маҳбубият ба даст оварад. Аммо доир ба воситаҳои ахбори чопӣ нигаронӣ намуда, афзуд, ки ҳанӯз дастрасии мардум ба матбуот саривақтӣ нест.

— Аксар вақт ба навоҳии дурдаст, мисли Кӯҳистони Мастчоҳ, «Почтаи тоҷик» нашрияҳоро баъзан баъди як моҳ, ё дар як моҳ ду бор ва ҳатто ба баъзе минтақаҳо умуман дастрас намекунад, ки ин албатта боиси дубора обуна нашудани мардум ба рӯзномаву маҷалла оварда мегардад. Агар дар бораи мӯҳтаво ва мундариҷаи расонаҳо ҳарф занем, боз ҳам дар деҳот он нашрияҳое, ки ба истилоҳ, мустақилу озоданд, назар ба расонаҳое, ки аз буҷаи ҳукумат маблағгузорӣ мешаванд, бештар маҳбубият доранд. Дар ин маврид боз ҳам сатҳи пасти касбӣ, набудани ҷасорат, маҳорат ва он фаврият дар инъикоси масоили доғи рӯз сабаб мешавад, ки мардум нисбати ин расонаҳои чопӣ низ камтаваҷҷӯҳ бошанд.

Вале иҷрокунандаи вазифаи сардори Корхонаи фаръии «Почтаи тоҷик» дар вилояти Суғд Абдувоҳид Нодиров мегӯяд, ки алҳол бо чанд шаҳру навоҳии вилоят доир ба дастрасии рӯзномаву маҷаллаҳо сару кор доранд ва танзимгари онҳо ҳамарӯза тариқи телефон бо шахсони масъул дар тамос мешавад.

«Он рӯзномаҳое, ки ба «Почтаи тоҷик» омада мерасанд, на дертар аз ду рӯз то охирин шаҳру навоҳии, аз ҷумла наздисарҳадии, вилоят ба дасти хонандагонашон мерасанд»,- илова намуд Абдувоҳид Нодиров.

[b]Нигаронии мардуми минтақаи наздисарҳадӣ[/b]

— Ҳарчанд дар қиёс ба чанд соли пеш мардуми ноҳия ба телевизионҳои «Шабакаи аввал», «Сафина», «Баҳористон» ва «Суғд» дастрасии бештар доранд, лекин наметавон гуфт, ки мардум телевизионҳои кишварҳои ҳамсояро тамошо намекунанд, — иброз дошт Ҷамшед Мансуров, хизматчии давлатӣ, сокини ноҳияи Спитамен. — Азбаски дар ноҳияи мо аксаран мардуми ӯзбекзабон умр ба сар мебаранд, нашрияҳои «Суғд ҳақиқати»-и вилоят ва «Халқ сӯзи»-и ин ноҳия мақоми хоса доранд. Инчунин, аксари мардум ба навиштаҳои нашрияи русизабони «Азия плюс» таваҷҷӯҳ доранд. Аз рӯи мушоҳидаам, нашрияҳои «Нигоҳ»-у «Фараж» низ дар байни халқ мухлисони худро доранд. Махсусан маводе, ки дар бораи ноҳия нашр гардад, он нашрия бисёртар бозоргир мешавад.

Толиб Охунов, омӯзгор аз шаҳри Истаравшан мегӯяд, баъди фаъол шудани родиёи FM «Авис+» дар шаҳр мардум аз гӯш кардани шабакаҳои родиёи Ӯзбекистон даст кашидаанд.

Дар робита ба ин, як тан аз сокини ин шаҳр Оллоҳёри Меҳрубон гуфт, ки чун Истаравшан ноҳияи тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад ва аслан мардуми ин маҳал нисбат ба матбуоту Интернет бештар аз телевизиону родиё истифода менамоянд, зеро онхо вақти зиёди хондани рӯзнома, ё худ бо шабакаи Интернет пайвастанро надоранд. Вале азбаски на ҳамаи сокинон дастраси ба Интернет ё имконияти ба моҳвора пайваст шуданро доранд, табиист, ки барои тамошои барномаи беҳтарин яке аз шабакаҳои телевизионии кишвари ҳамсояро нисбат ба телевизиони ҷумҳурӣ интихоб менамоянд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, соҳибкор аз ноҳияи Мастчоҳ изҳор дошт, ки мутаассифона, алҳол дар ноҳияи Мастчоҳ дастрасӣ ба иттилоот маҳдуд аст. Зеро, чанд аз нуқтаи рӯзномафурӯшӣ ба дӯконҳои носфурӯшиву таъмири пояфзол бадал гаштаву аз рӯзномаву ҷарида анқариб хабаре нест.

— Зафаробод яке аз ноҳияҳои сарҳадӣ буда, дар шаҳракҳои он зиёда аз 6 шабакаи ӯзбекӣ ва як шабакаи қазоқӣ пахш мегардад, — гуфт омӯзгори ҷавон Осим Носиров. — Дар ноҳия танҳо як рӯзномаи давлатӣ вучуд дорад, ки сирф расмӣ буда, хонандаи чандон зиёд ҳам надорад. Замоне як телевизиони маҳаллии «Парвиз» амал мекард, ки бо сабабҳои молӣ алҳол садою намояш хомӯш гаштааст. Мардуми ин минтақаи дурдасти сарҳадӣ танҳо «Шабакаи аввал» ва қисман ТВ «Сафина»-ро тамошо мекунанд, ки мутаассифона, телевизиону родиёҳои муассир ва зиёди тоҷикӣ ба пуррагӣ пахш намешаванд. Аз ин рӯ, бояд родиё ва телевизионҳои маҳаллӣ барқарор карда шаванду мавҷҳои телевизионҳои давлатӣ пурзӯр гарданд.

— Солҳои охир хонандагони рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ кам шуда истодааст, чунки он бештари рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар Тоҷикистон ба табъ мерасанд, талаботи мардумро конеъ карда наметавонанд, — гуфт рӯзномафурӯш Алиҷон Самадов, ки дӯконаш дар маркази маъмурии вилоят ҷойгир аст. — Азбаски дар рӯзномаҳо масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯзаи мардум, норасоиву камбудиҳое, ки дорем, ба нашр намерасанд, онҳо ба дигар расонаҳои иттилоотӣ таваҷҷӯҳ мекунанд. Агар мавзӯъҳои ҷолибу хонданӣ дар нашрияҳои мо низ ба табъ бирасиданд, рӯзномаву маҷаллаҳо харидор пайдо мекунанд.

[b]Пас, чӣ бояд кард?[/b]

Бино ба андешаи таҳлилгари тоҷик Ҷӯра Юсуфӣ «таъмини амнияти фазои иттилоотӣ басо мураккаб аст ва танҳо бо як дахолати давлат беҳ намешавад. Мо бояд радиою тлевизион, нашрия ва рӯзноманигоронро ба ин масоил сафарбар кунем, то дар ҷамъ ба он ноил шавем, ки мардум бештар ба расонаҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ дошта бошанд. «Расонаҳо талаботу шавқу завқи мардумро дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза ба назар гиранд ва мувофиқи қобилияти дарку фаҳмиш ва аз ҳама муҳим, талаботу фармоиши хонандагон, шунавандагону бинандагони худ мавод омода созанд»-таъкид намуд Ҷӯра Юсуфӣ.

Хуллас, имрӯз вақти он расидааст, ки телевизион дар сабту танзим ва пахши ахбори мутавозину филмҳои кӯтоҳмуддати тарбиявӣ иқдом гузорад. Зеро обрӯву нуфузи телевизионҳои пешқадами дунё дар интишори иттилооти саривақтӣ, барномаҳои ҷолиби диққат, филмҳои телевизионӣ ва амсоли инҳо ифода меёбад. Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки пажӯҳишгарон асри ХХI-ро ҷомеаи иттилоотӣ меноманд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки чӣ гуна иттилоот ба мо воқеан ҳам дастрас аст, бо он чӣ метавон кард ва то чӣ андоза он ба ҳаётамон таъсир мерасонад, тадқиқоти ҷиддитару жарфтарро мехоҳад.

[b]Мавод натичаи ширкати муаллиф дар семинар-тренинги АМВАОМТ дар мавзуи «Сифати маводи журналистӣ» бо мусоидати Хазинаи дастгирии демократия мебошад.[/b]

Ҷамшед МАЪРУФ

Источник:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *