Имрӯз дар мусобиқаи кушод оид ба волейбол, ки миёни идораҳои ВАО ба ифтихори 85-солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» доир гардид, дастаи «Фараж» дар ҳамҷоягӣ бо ҳафтаномаи «Чашма» дастаи « ТВ Ҷаҳоннамо»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Дар бозии байни «Чархи гардун» ва «Тоҷикистон», ки дар он муассисони ин медиа-холдингҳо Акбари Саттор ва Шарифи Ҳамдампур шахсан ширкат карданд, аз ҷониби дастаи «Чархи гардун» ду нафар духтар ҳам ба майдон баромаданд. Коршиносон мегӯянд Шарифи Ҳамдампур дар ҳайати командааш аз беҳтарин бозингарон буд ва дастаи «Тоҷикистон» бо ҳисоби 2:0 ба дастаи «Чархи гардун» ғолиб омад.
Бояд гуфт, ки барои иштирок дар мусобиқа 11 даста дархост фиристодаанд: «Озодагон», «Чархи гардун», «Халқ овози», «Фараж» дар хамҷоягӣ бо «Чашма», Радиои Тоҷикистон, «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Тоҷикистон», «Ховар», СМТ, «Ҷавонони Тоҷикистон».
Бояд гуфт, ки дастаи СМТ дар бозӣ бо «Озодагон» ширкат накард ва ба таври техникӣ шикастхӯрда эълон шуд.
Тибқи қуръакашие, ки дирӯз анҷом дода шуда буд, дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», Радиои Тоҷикистон, «Халқ овози», «Ҷаҳоннамо», «Фараж» дар хамҷоягӣ бо «Чашма», «Сафина» ва ба гурӯҳи «Б» дастаҳои «Ховар», «Тоҷикистон», «Озодагон», СМТ, «Чархи гардун».
Бояд гуфт, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ дар нимфинал бозӣ карда, баъдан ду дастаи ғолиб ба финал мебароянд.
http://faraj.tj/news/8857-farazh-tv-1206a1203onnamo-2-0.html