“Фараж” аз пешниҳоди мусолиҳаи додгоҳӣ даст кашид

[b]Нашрияи мустақили «Фараж» пешниҳод дар бораи мусолиҳаи додгоҳиро рад карда ва хостори муҳокимаи қазия дар додгоҳ шудааст.[/b]

Файзиддин Азизов, муъвони раиси яке аз ҷамоъатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ин нашрияро дар чопи матлабе «муғризона» муттаҳам дониста ва хостори пардохти 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни молӣ шудааст.

Нашрияи «Фараж» дар моҳи август матлаберо зери унвони “Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: “Мерседес” — 22 000 ҳазор доллар” мунташир карда ва аз ҳукми додгоҳ дар қиболи ронандаи як минибасе, ки бо худрави Файзиддин Азизов бархурдааст, шадидан интиқод карда буд.

Додгоҳ ронандаи ин минибасро дар тасодуми утумубилӣ муҷрим дониста ва ӯро ба пардохти 22 ҳазор дулор ҷубронпулӣ муваззаф кардааст. Ҳарчанд, ба навиштаи муаллиф ин худрави “Мерседес”-и тавлиди даҳаи 1990 на бештара аз панҷ-шаш ҳазор дулор арзиш доштааст.

Урунбой Шерматов, вакили мудофеъи оқои Азизов ба Би-би-сӣ гуфт, ки муваккилаш ба нашрияи “Фараж” пешниҳод кард, ки дар саҳафоти худ аз ӯ пузиш бипурсад ва ба ин тартиб қазия ҳал хоҳад шуд. Вале, масъулони нашрия ин пешниҳодро напазируфтанд.

Вай афзуд: “Тибқи қавонини Тоҷикистон, нашрия ва муаллиф муваззафанд, ки қабл аз нашри матлабе дақиқ будани маводди онро бисанҷанд ва танҳо иттилоъи дуруст чоп кунанд. Муваккили ман бар ин назар аст, ки муаллифи матлаб иттилоъи носаҳеҳ мунташир кардааст.”

Вале Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж” мегӯяд, ки куллияи маводди мунташиршуда саҳеҳ аст ва ба ин далел онҳо пешниҳоди созишро радд кардаанд ва мехоҳанд, дар муҳокимаи додгоҳи аз нашрия ва қаҳрамони матлаб, ки ба пардохти 22 ҳазор дулор ҷуброн ба Файзиддин Азизов муваззаф шудааст, дифо кунанд.

Оқои Атовулло афзуд: “Тибқи иттилоъе, ки мо дорем, худрави “Мерседес”-и тавлиди даҳаи 1990 наметавонад 22 ҳазор дулор арзиш дошта бошад. Ҳоло нархи ин гуна мошинҳо дар бозори Душанбе панҷ-шаш ҳазор аст. Вале, оқои Азизов аз ҷумлаи афроди саршинос дар ноҳияи Рӯадкӣ аст. Ҳоло низ бо худрави “Лексус” бо шумораи 77-77 гаштугузор мекунад.”

Вале, қаҳрамони матлаби “Фараж”, ки тибқи ҳукми додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ молу мулкаш бар суди оқои Азизов мусодира шудааст, ночор шудааст, ба Русия муҳоҷират карда ва талош дорад маблағи боқимондаи ҷубронро пайдо кунад.

Хуршеди Атовулло муътақид аст, ки дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ метавонад дурусти матлаби нашрияро собит созад. Ӯ мегӯяд: “Ба ин далел, мо тасмим гирифтем, ки то охир мубориза кунем.”

Зимнан, барои бори нахуст нест, ки нашрияи “Фараж” ба додгоҳ кашида мешавад. Соли гузашта се нафар қузоти Додгоҳи олӣ ва додгоҳи шаҳри Душанбе ин нашрияро дар канори нашрияҳои мустақили “ASIA-Plus” ва “Озодагон” ба додгоҳ кашида ва хостори пардохти 5,5 милюн сомонӣ ҷубронпулӣ шуда буданд.

Муҳокимаи додгоҳӣ тӯли тақрибан як сол идома дошт ва дар ниҳоят ҷонибҳо ба созиш расиданд.

Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон аз афзоиши мавориди ба додгоҳ кашида шудани расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигорон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аз ҷумла, ин матлаб дар ҷараёни даври чаҳоруми “Муколамаи ҳуқуқи башар миёни Иттиҳодияи Урупо ва Тоҷикистон”, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, матраҳ буд.

Рина Кионк, масъули бахши ҳуқуқи башари Шӯрои Урупо дар умури равобити байналмилалӣ, гуфт, ки мавзӯъи мавриди нигаронии ин даври музокирот барои онҳо бад шудани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки Иттиҳодияи Урупо мукарраран аз мақомоти тоҷик хостааст, ки муқаррароти марбут ба тавҳин ва таҳқирро аз қонуни ҷиноӣ ҳазф ё декриминализатсия (ғайриҷиноӣ) кунанд, вале мақомоти тоҷик ин дархостро нодида гирифтаанд.

Тайи ду соли ахир аксари парвандаҳое, ки рӯзноманигорон бар асоси онҳо ба додгоҳҳо кашида шудаанд, ба «тавҳин» ва «латма задан ба шаъну шарафи» мақомҳои давлатӣ марбут будаанд. Додгоҳҳо низ бархе аз рӯзноманигорон ва нашрияҳоро ба пардохти ҷаримаҳои ҳангуфт водор кардаанд.

Масъулони нашрияҳои мустақил иддаъо мекунанд, ки онҳо ба хотири интишори матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ин ё он мақоми давлатӣ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд ва додгоҳҳо дар бештари маворид ба сурати «ғайримустақил» ва «муғризона» парвандаҳоро ба нафъи мақомот ҳал мекунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111031_if_media_faraj.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *