«Фараж» 500 000 сомонӣ намедиҳад!

[b]Рӯзи панҷуми июни соли ҷорӣ, суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар маҷлиси ошкорои судӣ, парвандаи гражданӣ бо даъвои Азизов Файзиддин дар шахсияти намояндаи ваколатдораш Бобошеров Урунбой нисбати Шарипова Зевар ва редаксияи ҳафтаномаи «Фараж» дар бораи ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва рӯёнидани зарари маънавиро баррасӣ намуд.[/b]

Ҳафтаномаи «Фараж» ба ин баҳси судӣ баъди дар саҳифаи нашрия чоп шудани муроҷиати шаҳрванд Шарипова.З («Фараж», №33(243) Даҳшат дар суди Рудакӣ: «Мерседес»-22000 доллар!!!, аз санаи 17.08.2011) ба унвони президенти кишвар ва аризаи даъвогии шаҳрванд Азизов Файзиддин дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ аз болои ин мавод бпа ҳайси ҳамҷавобгар шомил гашта буд.

Пас аз маҷлису музокироти чандмоҳа ва шунидани андешаи шоҳидону тарафҳо раисикунандаи парвандаи судӣ судя Ҳисайнов. Қ бори дигар тарафҳоро барои созиш кардан имкон дод.

Дар натиҷа, баъди гуфтушуниди тарафҳо, намояндаи ваколатдори Азизов Файзиддин – Бобошеров Урунбай ба суд муроҷиат кард, ки онҳо бо ҷавобгарон Шарипов Даврон, Шарипов Собирҷон ва Шарипова Зевар ба мувофиқа омаданд. Аз ин рӯ, бо сабаби барқарор гардидани зарари расонидашуда, зарурияти баррасии парвандаи гражданӣ бо даъвои ӯ нисбати Шарипова Зевар ва нашрияи «Фараж» дар бораи ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва рӯёнидани зарари маънавӣ аз байн рафтааст. Барои ҳамин, ҳамчун намояндаи ваколатдор аз суд хоҳиш кард, ки парвандаи номбурда, бинобар аз даъво даст кашидани ӯ қатъ карда шавад.

Ҷониби ҷавобгар низ тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат бо даъвогар Азизов Файзиддин ба мувофиқа расида, зарари расондашударо барқарор кардаанд, ки дар ин бора аризаи хаттӣ доранд.

Аз даъво даст кашидани даъвогар Азизов Файзиддин дар шахсияти намояндаи ваколатдораш Бобошеров Урунбой ва барқарорсозии зарар аз ҷониби ҷавобгар Шарипова Зевар бо сабаби мусолиҳа кардан, хилофи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар ашхос, аз ҷумла нашрияи «Фараж»-ро халалдор намесохт. Ва гузашта аз ҳама, ба баҳсҳое ки зиёда аз панҷ сол байни тарафҳо идома дошт, нуқта гузошт, намояндаи ҳафтаномаи «Фараж» қайд намуд, ки ин ҳолати кор ба манфиати ҳар ду ҷониб аст ва аз суд хоҳиш намуд, ки баррасии парвандаи мазкур қатъ карда шавад.

Суд баъди шунидани баёноти иштирокчиёни парванда ва таҳлили далелҳои дар парванда мавҷудбуда, бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур ба хулоса омад, ки баррасии парвандаи гражданӣ бо даъвои Азизов Файзиддин нисбати Шарипова Зевар ва редаксияи ҳафтаномаи «Фараж» дар бораи ҳимояи шаъну шараф, эътибори корӣ ва рӯёнидани зарари маънавиро бинобар сабаби аз даъво даст кашидани ҷониби даъвогар мутобиқи моддаи 43,176, 225 ва 226 КМГ ҶТ қатъ карда шавад.

Ҳамин тавр, суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба қазияе ки панҷ сол боз дар суди ноҳияи Рудакӣ кашол меёфт, хотима гузошт.

P.S: Хотиррасон мешавем, ки парвандаи мазкур аз садамаи нақлиётие ки миёни мошинҳои Азизов Файзиддин ва Шарипов Собирҷон соли 2007 рух дода буд, сар мешавад. Суди ноҳияи Рудакӣ аз рӯи натиҷаи ташхиси техникӣ зарари расонидашударо наздик ба 22000 $ ҳисоб карда буд. Дар ҳоле ин намуди мошинҳо (тамға, соли барориш, ранг) дар бозори мошинҳои Тоҷикистон аз 8-12 ҳазор доллар зиёд нарх надоранд.

«Фараж»

Источник: http://www.faraj.tj/index.php?newsid=710

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *