[b]Фаъолияти дафтари намояндагии шабакаи телевизиюнии «Стан ТВ»-и Қазоқистон, ки дар миёни сокинони Тоҷикистон бештар бо исми «К+» маъруф аст, дар Душанбе мутаваққиф шуд.[/b]
Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбеи 1 июн Музаффар Юсупов, раиси дафтари намояндагии телевизиюни «Стан ТВ» дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, иҷрои тарҳи намояндагии «Стан ТВ» дар Тоҷикистон поён ёфтааст. Ин тарҳро намояндагии минтақаии ин телевизиюн дар шаҳри Бишкек ба иҷро дроварда буд.
Ба ин тартиб, аз рӯзи аввали июн фаъолияти дафтари намояндагии шабакаи телевизиюнии «Стан ТВ” дар Тоҷикистон мутаваққиф шудааст.
Бино ба иттилоъи оқои Юсупов, фаъолияти ин шабака аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар Тоҷикистон мутаваққиф шудааст. Ҳамчунин, вай гуфт, ки то ягон ҳодисаи ҷиддӣ дар Тоҷикистон рух надиҳад, ин шабака ҳеч гузоришеро аз ин кишвар пахш нахоҳад кард.
Оқои Юсупов мегӯяд, ки ҳарчанд шумори тамошобинони ин телевизиюн дар Тоҷикистонро намедонад, лекин мутмаин аст, ки ин шабака аллакай дар бозори иттилоърасонии ин кишвар ҷойгоҳи худро ёфтааст.
Намояндагии «Стан ТВ» дар Тоҷикистон 14 нафар корманд дошт, ки аз онҳо 6 нафар хабарнигор, 4 нафар муҳаррир ва 4 нафар коргардон буданд. Бархе аз ин хабарнигорон аз шаҳри Хуҷанд барои ин телевизиюн гузоришҳое таҳия мекарданд.
Раиси дафтари намояндагии ин телевизиюн мегӯяд, ки ҳоло кормандон дар бораи фаъолиятҳои ояндаи худ ҳеч тасмиме нагирифтаанд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мегӯяд боъиси таассуф аст, ки фаъолияти телевизиюни «Стан ТВ» дар Тоҷикистон мутаваққиф мешавад.
Ба гуфтаи вай, ин яке аз расонаҳое будааст, ки як манбаъи иттилоърасонии олтернатив буд ва ахбору матолибашро бо тавозуни назарҳо ба тамошобинон пешкаш мекард.
Оқои Қаршибоев афзуд, ки ин телевизиюн дар байни афроде, ки бо ахбору иттилоъот сару кор доштанд, аз маъруфияти зиёд бархурдор будааст.
Ӯ мутмаин аст, ки агар набуди маблағ сабаби мутаваққиф шудани фаъолияти ин телевизиюн дар Тоҷикистон шуда бошад, имконии пайдо кардани сармоя ва дубора фаъол шудани он вуҷуд дорад.
Оқои Қаршибоев афзуд: «Аммо агар ин иқдом ангеза ё тобиши сиёсӣ дошта бошад, дар он сурат аз нав ба роҳ мондани фаъолияти телевизиюн мушкил мегардад.»
Аммо Музаффар Юсупов, раиси намояндагии «Стан ТВ» дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки қатъи фаъолияти ин тезевизиюн ҳеч гуна ангезаҳои сиёсӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз дидоргарони сойти «Стан ТВ» мегӯянд, ки аз он мутаассифанд, ки ҳамакнун наметавонанд аз ин шабака ахбору матолиби ҷолиберо дар бораи Тоҷикистон дарёфт кунанд.
Меҳрангез, як сокини Душанбе, мегӯяд: «Шабакаҳои телевизиюнии давлатии Тоҷикистон наметавонанд барои мо иттилоъоти дақиқу бетарафонаро таъмин кунанд. Ин шабакаҳо бештар ба таърифу тавсифи мансабдорон машғуланд ва танҳо дар бораи вазъи кишоварзӣ ва варзиш хабар медиҳанд.»
Фаъолияти дафтари намояндагии «Стан ТВ» дар Тоҷикистон аз соли 2008 шурӯъ шудааст. Аммо бисёре аз мардуми ин кишвар ба ин шабака аз тариқи моҳвора дастрасӣ доштанд.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110601_ea_mt_stan_tv.shtml