Афғонистон нахустин моҳвораи худро, ки се моҳ пеш харидорӣ карда буд, имрӯз амалан ба баҳрабардорӣ супурд.
Амирзай Сангин, вазири мухобироти Афғонистон, дар маросими шурӯъ ба кори ин моҳвора гуфт, ки ин моҳвора «Афғонсат1» (AfghanSat1) ном дорад ва вазъияти хадамоти мухобиротӣ ва нашаротиро дар Афғонистон мутаҳаввил (дигаргун) хоҳад кард.
Бар асоси қарордоди имзошуда, давлати Афғонистон солона чаҳор милюн дулор ба ширкати Ютелсати Фаронса мепардозад ва ин моҳвора то ҳафт сол фаъъолият хоҳад кард.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд даромади давлат аз фаъъолиятҳои ин моҳвора солона 15 милюн дулор хоҳад буд. Оқои Сангин гуфт, ки дар ҷараёни ҳафт соли оянда кор рӯйи моҳвораи «Афғонсат2» ҷараён хоҳад дошт ва пас аз ин ки умри моҳвораи феълӣ тамом шавад, моҳвораи ҷадид ҷойгузини он хоҳад шуд.
Ин моҳвора дар соли 2008 ба фазо партоб шуд ва дар моҳи январи 2014 дар қарордоди расмӣ миёни мақомоти Афғонистон ва ширкати фаронсавии Ютелсат ба Афғонистон вогузор шуд.
Вазири мухобироти Афғонистон гуфт: «Барои аввалин бор кишвари мо Афғонистон соҳиби моҳвораи худ шудааст… Мо ба унвони вазорати масъул ба ҳамкории вазорати фарҳанг ҳадаф дорем, ки тамоми телевизиюнҳо ва родиюҳои фаъъол дар Кобул дар тамоми нуқоти пурнуфуси кишвар фаъъол бошанд, ҳам дар шаҳрҳои бузург, ҳам дар вулусволиҳо ва ҳам дар деҳот.»
«Аз ҳама муҳиммтар ин аст, ки густариши пӯшиши нашаротӣ барои телевизиюнҳои Афғонистон ба вилоёт ва рустоҳо бо қимати арзон муҳайё хоҳад шуд.»
Вазири мухобирот
Ӯ гуфт аз ду сол ба ин тараф бо ниҳодҳои мухталиф рӯйи ду ибтикор дар густараи истифода аз моҳвора кор кардаанд. Яке, табдили системи нашр ва пахши телевизиюнҳои Афғонистон аз онолуг ба диҷитол, ва дигар, фароҳамоварии заминаи пахши ҳамаи телевизиюнҳои Афғонистон аз тариқи моҳвора аст.
Вазири мухобирот гуфт, ки камбуди фреконсӣ дар солҳои гузашта барои Афғонистон мушкилотеро эҷод карда, ки бо табдили системи нашаротӣ ба диҷитол ин мушкил рафъ хоҳад шуд ва замина барои эҷоди телевизиюнҳои бештар фароҳам мешавад.
Оқои Сангин ҳамчунин гуфт, ки бо табдили системи онолуг ба диҷитол мардум ба тасвири бо кайфияти буланд дастрасӣ хоҳанд дошт, бо камбуди фреконсӣ мувоҷеҳ нахоҳанд шуд ва «аз ҳама муҳимтар, ин ки густариши пӯшиши нашаротӣ барои телевизиюнҳои Афғонистон ба вилоёт ва рустоҳо бо қимати арзон муҳайё хоҳад шуд.»
Моҳвораи «Афғонсат1» аз имрӯз амалан шурӯъ ба фаъъолият карда ва аз тариқи он дар ҳоли ҳозир даҳ шабакаи телевизиюнии Афғонистон ва ду шабакаи телевизиюнии хориҷӣ қобили дастрас аст. Ин моҳвора, он гуна ки масъулони давлатӣ мегӯянд, зарфияти буланд дорад ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, мисли Эрон, Покистон, Тоҷикистон ва кишварҳои Ховари Миёнаро низ таҳти пӯшиш қарор хоҳад дод.
Вазири мухобироти Афғонистон мегӯяд, ки барномаи табдили системи нашаротии телевизиюнҳо ба диҷитол то ду моҳи оянда шурӯъ мешавад ва ибтидо дар Кобул ва дар шаш моҳ баъд дар шаҳрҳои бузурги Мазори Шариф, Ҳирот, Қандаҳор, Куҳандиз, Ҷалолобод ва Ғазнӣ муҷаввизҳои фаъъолияти шабакаҳои телевизиюнии диҷитолӣ тавзеъ хоҳад шуд.
Афғонистон 89 шабакаи телевизиюнӣ ва 220 истгоҳи родиюӣ дорад, ки ҳамаи онҳо ба моҳвора васл хоҳанд шуд.
Пеш аз ин интиқодҳое дар мавриди моҳворае, ки Афғонистон аз Ютелсат харидорӣ карда, дар расонаҳои Афғонистон матраҳ шуда буд. Бархе интиқод карданд, ки ин моҳвораи истеҳлокшуда (бо пардохти қарз батадриҷ) паҳнои васеъ надорад ва ҳамчунин зиёд умр нахоҳад кард.
Аммо вазири мухобироти Афғонистон ин иддаъоҳоро рад кард ва гуфт, ки ширкати Ютелсат дар мавриди қобилияти фаннии ин моҳвора замонат додааст.
Қимати буланд барои камнавоён
Дар ин маросим Муҳаммад Юнуси Қонунӣ, муъовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон, ҳам суханронӣ кард ва гуфт, ки шурӯъ ба кори ин моҳвора барои давлат ва миллати Афғонистон дастоварди муҳим ва торихӣ аст.
Оқои Қонунӣ ҳамчунин гуфт бо вуҷуди он ки ин моҳвора пешрафти Афғонистон ва дастовардҳои ин кишварро нишон медиҳад, аммо ҳанӯз ҳам «бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои буланди мардум ва пешрафти сареъи фанноварии муъосир гомҳое ҳаст, ки бояд бардошта шавад.»
Муъовини аввали риёсати ҷумҳурӣ ба нархи буланди тамосҳои телефунӣ, суръати пойини интернет ва қимати буланди арзаи хадамоти интернетӣ ишора кард ва гуфт, ки пардохти ин ҳазинаҳо барои табақаи мутавассити Афғонистон ва шаҳрвандони одии ин кишвар душвор аст.
Вай афзуд, ки бояд ба коҳиши қиматҳо ва буланд бурдани кайфият ва суръат аз роҳи мудирияти солими рақобатҳо ва рақобат миёни бахши хусусӣ ва давлатӣ таваҷҷуҳ шавад.
Ҳоло мақомҳои вазорати мухобирот ва фанноварии иттилоъотии Афғонистон аз асҳоби расонаҳои хусусии Афғонистон тақозо кардаанд, ки ҳама ба моҳвораи ҷадид бипайванданд, то мардум битавонанд бо як диш ё бушқоби кӯчак ҳамаи шабакаҳоро дар ҳар ҷойи Афғонистон бибинанд.
Афғонистон дар сездаҳ соли гузашта дар бахши мухобирот ва фанновариҳои иттилоъотӣ пешрафти чашмгире доштааст, аммо ҳанӯз ҳам баҳои истифода аз ин хадамот дар муқоиса бо бархе аз кишварҳои ҳамсоя боло аст.
Ҳудуди 90 дарсади мардум ба хадамоти мухобиротӣ дастрасӣ доранд ва теъдоди корбарони интернет ҳам беш аз ду милюну 500 ҳазор нафар аст, ки теъдоди зиёде аз онҳо аз тариқи гӯшиҳои ҳушманд аз интернет истифода мекунанд.
Аз фурӯпошии Толибон то ҳоло чаҳор ширкати мухобиротии хусусӣ ва як ширкати мухобиротии давлатӣ шурӯъ ба фаъъолият кардаанд ва дар солҳои гузашта бисёре аз ин ширкатҳо хадамоти насли севумро (3g) дар бист вилояти Афғонистон фаъъол кардаанд. Давлат ҳам аз ин хадамот барои рафтан ба сӯйи ҳукумати электруникӣ истифода кардааст.
Аммо ҳанӯз даҳ дарсади мардум ба хадамоти мухобиротӣ дастрасӣ надоранд ва дар аксарияти нуқоти Афғонистон хадамоти интернетӣ ироа нашудааст. Далели аслии ин вазъият ноамнӣ хонда шуда ва ҳузури мухолифони мусаллаҳ дар бахшҳои мухталиф монеъи густариши ин хадамот шудааст.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/05/140510_ea_afghan_first_ever_satillite_activated.shtml