Фаъъолияти бахшҳои родиюи «Озодӣ» дар Осиёи Миёна арзёбӣ шавад

Раҳбарони 10 созмони хабанигорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ ва байналмилалӣ бо интишори баёнияе муштарак вазъи бахшҳои Осиёи Марказии родиюи омрикоии “Озодӣ” (Radio Liberty)-ро «бӯҳронӣ» тавсиф кардаанд.

Ин баёния гуфтааст, ки чунин вазъ дар роҳи озодии баён дар Осиёи Марказӣ маҳдудиятҳо эҷод кардааст.

Раҳбарони созмонҳои хабарнигории кишварҳи Осиёи Миёна дар баёнияе унвонии Кевин Клоуз, иҷрокунандаи раиси родиюи “Урупои Озод”/”Озодӣ” (Radio Free Europe/Radio Liberty) аз вазъияти бахшҳои ин родию дар ин минтақа ибрози нигаронӣ карданд.

Баёния ба вижа аз нақзи ҳуқуқи кории хабарнигорони ин расона дар дафотири Қазоқистон ва Тоҷикистон, коҳиши барномаҳои ӯзбакӣ рӯйи амвоҷи кӯтоҳ ва бознашри матолиби расонаҳои маҳаллӣ дар барномаҳои қазоқию туркмании ин родию ибрози нигаронӣ мекунад.

Дар баёния мехонем, «Дар ҳоле ки дар авоили моҳи ҷорӣ Равшан Язмуҳаммадов, хабарнигори бахши туркмании ин родию дар Туркманистон боздошт шуд, раҳбарияти родиюи “Озодӣ” аввал аз гузориш кардани ин қазия худдорӣ карданд. Танҳо пас аз пофишории бархе ҳамкорон ва ёдовар шудани онҳо аз марги хабарнигор Муродова, раиси ин бахш тасмим гирифт хабар дар бораи боздошти хабарнигорашро эълом кунад.

Раҳбарони созмонҳои хабарнигорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башар аз мавориди нақзи ҳуқуқи кори Абдуқаюм Қаюмзод ва Гулнораи Равшан, хабарнигорони бахшҳои тоҷикию ӯзбакии родиюи “Озодӣ” дар Тоҷикистон ва барканор шудани онҳо интиқод кардаанд.

Дар баёния таъкид бар он мешавад, ки «дар соли 2010 дар сойти бахши қазоқии родиюи “Озодӣ” матолиби таблиғкунандаи миллатгароии ифротӣ, ки дар онҳо аққалияҳои миллии рус, ӯзбак, уйғур ва чинӣ ошкоро таҳқир мешуданд» интишор ёфтааст.

Изҳорот афзудааст, ки родиюи “Озодӣ” дар миёни расонаҳои ҷаҳон мубаллиғи арзишҳои демукросӣ маҳсуб шуда, вале нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва фоисла гирифтан аз меъёрҳои байналмилалии хабарнигорӣ дар ин родию мунҷар ба нигаронии созмонҳои хабарнигорӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ шудааст.

Дар ин баёния аз Кевин Клоуз, иҷрокунандаи раиси родиюи “Урупои Озод”/”Озодӣ” дархост шуда, кумисюни мустақиле барои баррасии фаъолияти бахшҳои қозоқӣ, туркманӣ, тоҷикӣ ва ӯзбакӣ, ба вижа арзёбии риъояти усулҳои озодии баён, одоби журнолистӣ ва ойинномаи родиюи “Озодӣ” созмон дода шавад

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) аз намояндаи созмони хабарнигории Тоҷикистон аст, ки зери ин изҳорот имзо кардааст.

Ӯ ҳадаф аз нашри чунин изҳоротро талош барои ҷилавгирӣ аз мавориди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва таъмини меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқӣ дар расонаҳои хориҷӣ хонд.

Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, раҳбарони Родиюи “Озодӣ” бояд ин интиқодро бипазиранд ва барои ислоҳи «вазъи бӯҳронӣ дар бахшҳои қозоқӣ, туркманӣ, тоҷикӣ ва ӯзбакии ин родию тадобири мушаххас андешанд.»

Бо ин ҳама оқои Қаршибоев гуфт, ки баъид намедонад, ки чунин изҳорот метавонад ба дасти давлати Тоҷикистон баҳонае барои маҳдудсозии озодии баён ва расонаҳои хориҷӣ бидиҳад.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди журнолистони Тоҷикистон низ дар ин замина гуфт, ки идомаи талошҳои созмонҳои хабарнигорӣ барои ворид кардани фишор ба родиюи “Озодӣ” дар Тоҷикистон метавонад «дар миёни хабарнигорон фазои носолимро ба вуҷуд оварда ва ба фаъолияти озоди онҳо мавонеъ эҷод кунад».

Пештар оқои Саттор аз даъвати созмонҳои хабарнигорӣ дар Тоҷикистон барои таҳрими бахши тоҷикии родиюи “Озодӣ” дар авоили моҳи ҷорӣ пуштибонӣ накарда ва онро “амали ғайримантиқӣ” хонда буд. Ӯ гуфта буд: «Хабарнигорон ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки аз коршиносон ва аҳзоби сиёсӣ даъвати даст кашидан аз ҳамкорӣ бо рӯзноманигорони дигарро тақозо бикунанд.»

Хуршеди Ҳамдам, раҳбари бахши родиюи “Озодӣ” дар Тоҷикистон дар вокуниш ба баёнияи раҳбарони созмони хабанигории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва байналмилалӣ гуфт, ки бахши тоҷикии ин родию ҳамеша дар чорчӯби қавонини кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ фаъолият кардааст.

Ба гуфтаи оқои Ҳамдам: “Ин гуна ҳамалот наметавонад ба родиюи “Озодӣ” барои анҷоми рисолатҳояш мавонеъ эҷод кунад. Ин аъмол рӯйи барномаҳои родию низ асаре нахоҳад гузошт.”

Пештар радд шудани тақозои Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори бахши тоҷикии родиюи “Озодӣ” барои тамдиди сабти номи ӯ дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон сару садоҳои зиёде дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар барпо карда буд. Ин хабарнигор аз имкони идомаи фаъолият дар ин родию маҳрум шуд.

Сафорати Омрико дар Тоҷикистон, масъулони родиюи «Озодӣ» ва бархе аз созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз давлати Тоҷикистон ва ба вижа Вазоарти хориҷаи ин кишвар мукарраран тақозо карданд, ки сабти номи ин хабарнигорро тамдид кунанд.

Ин дархостҳо натиҷае надод ва родиюи «Озодӣ» қарордоди худ бо оқои Қаюмзодро лағв кард. Аммо аз соҳибназарон бар ин боваранд, ки раҳбарияти родиюи «Озодӣ» барои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигораш талоши кофӣ ба харҷ надодааст.

Абдуқаюми Қаюмзода низ алайҳи родиюи «Озодӣ», ки дар инҷо ҳудуди 12 соли ахир фаъъолият дошт ба додгоҳ шикоят бурд ва хостори барқарор кардани қарордоди кориаш шуд.

Зимнан, бахши тоҷикии родиюи “Озодӣ” ва сойти интернетии он яке аз манобеъи собиқадор ва матраҳи иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/05/130516_mm_radio_liberty_statement.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *