ФАЪОЛ ШУДАНИ ЮТУБ ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ МАСДУДИЯТИ СЕМОҲА

Аз дирӯз, 26-уми август, дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (Youtube) дар Тоҷикистон имконпазир гашт.

Ҳарчанд баъзе аз истифодабарандагон мегӯянд, ки наметавонанд, аз он истифода баранд, вале он танҳо мушкили техникӣ буда, барои аксари мизоҷони ширкатҳои дастраскунандагони Интернет феълан Ютуб дастрас шудааст.

Дарстрасӣ ба Ютюб аз 23-юми май дастнорас шуда буд.

Ҳарчанд гуфта мешавад, сабаби бастани Ютюб кори дасти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, ки баъди ба интернет роҳ ёфтани наворҳои тӯйи хонаводагии писари президент сурат гирифт, Рафиқҷон Шокиров, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба TojNews дар як сӯҳбати телефонӣ гуфта буд: «Мо бо ин масъалаҳо сарукор надорем».

Аммо зимни як нишасти хабарӣ, моҳи июли соли ҷорӣ Татяна Холмуродова, муовини раиси ин хадамот гуфта буд, дар борои масдуд кардани он дар ҳудуди кишвар ба ягон провайдери Тоҷикистон супориш надодаанд.

— Агар ягон провайдер маҳкам карда бошад, дар мо онро тавассути дастгоҳҳои махсуси худ дида мебароем ва ин мушкил ҳал хоҳад шуд, — мегуфт Татяна Холмуродова.

http://www.tojnews.tj/faol-shudani-youtube-dar-tojikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *