Файзинисо Воҳидова: «Хабарнигорон дар додгоҳ шаҳодат бидиҳанд»

[b]Вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Хуҷанд хостааст, ду хабарнигоре, ки дар рӯзҳои нахустини боздошти оқои Усмонов бо ӯ дидор доштанд, дар додгоҳ шаҳодат бидиҳанд.[/b]

Файзинисо Воҳидова муътақид аст, ки ин хабарнигорон бояд асари шиканҷа дар сару рӯйи оқои Усмоновро дар ҷараёни дидорашон дида бошанд.

Ин суханонро вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов дар ҷаласаи додгоҳии пас аз зӯҳри рӯзи душанбе дар Хуҷанд гуфтааст.

Вай гуфт, ки ин хабарнигорон бояд ба ҷаласаи додгоҳ даъват шуда ва дар бораи дидорашон бо муваккилаш шаҳодат бидиҳанд.
ӯ
Ленура Мустафаева ва Илҳоми Ҷамолиён, ду хабарнигори маҳаллии Хуҷанд тавонистаанд, чанд рӯз пас аз боздошти оқои Усмонов, бо пойдармиёнии маъмурони амниятӣ дар вилояти Суғд бо оқои Усмонов қабл аз дидори вакили мудофеъаш бо ӯ мусоҳиба кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи оқои Усмонов дар ҷаласоти қаблии додгоҳ ҷузъиёти шиканҷа алайҳи вай мунташир шуд.

Нахустин ҷаласаи қазияи пурсарусадои Ӯрунбой Усмонов, ки додситонӣ ин хабарнигори Би-би-сӣ-ро дар иртибот доштан бо аъзои Ҳизби мамнӯъи таҳрир муттаҳам кардааст, рӯзи 16-уми август баргузор шуд.

Пас аз ин ҷаласаи додгоҳӣ Би-би-сӣ, созмонҳои байналмилалии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва “Афви Байналмилал” бо интишори баёнияҳое иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмоновро “сохта” арзёбӣ карданд.

Дар баёнияи Би-би-сӣ аз ҷумла гуфта шуда буд: «Вақте аз оқои Усмонов суол шуд, вай ба додгоҳ гуфт, ки пас аз боздошт мавриди шиканҷа қарор гирифта ва аз ҷумла, маъмурон ӯро задаанд ва дастонашро бо сигор сӯзондаанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки ӯро маҷбур кардаанд эътирофномаеро, ки қироат мешуд, имзо кунад.»

Би-би-сӣ ва созмонҳои дигар аз замони боздошти оқои Усмонов дар 14-уми июни соли ҷорӣ пайваста аз наҳваи боздошт ва эҳтимоли мавриди шиканҷа қарор гирифтани ӯ дар тӯли боздошти якмоҳааш ибрози нигаронӣ карда буданд, вале мақомот вуҷуди бадрафторӣ алайҳи оқои Усмоновро мукарраран радд мекарданд.

Зимнан дар ҷаласаи муҳокимаи қазияи Ӯрунбой Усмонов раҳбари гурӯҳи бозрасони кумитаи амнияти Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, ки “ҷавонӣ ва камтаҷрибагии бозрас ” боъиси “хатогиҳо” дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи Урунбой Усмонов шудааст.

Ин дар ҳолест, ки бино ба матни парвандаи Ӯрунбой Усмонов амалиёти боздошти оқои Усмонов аз сӯйи Эраҷ Давлатов, масъули бахши амният дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров анҷом шудааст.

Аммо ба гуфтаи Шодихон Назаров, қозии додгоҳ дар ҷаласаи рӯзи 19-уми сентябр Эраҷ Давлатов тавассути нома ба додгоҳ даъват шуда, вале ба ҷаласа ҳозир нашудааст.

Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ ба ширкат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзоби динии мамнӯъ муттаҳам шудааст.

Дар ҳамин ҳол Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов дар ҳоле хабарнигорони маҳаллиро барои додани шаҳодат дар ҷаласаи додгоҳ даъват кардааст, ки қаблан бо ирсоли номае ба раиси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон хостори арзёбии ахлоқии мақолаи Ленура Мустафаева, хабарнигори Пресса.тҷ дар бораи муваккили зиндонии худ шуда буд.

Ба эътиқоди хонуми Воҳидова ин мақола асли бароъат дар нисбати муваккили ӯро нақз карда ва ба шаъну шарафи ӯ латма ворид кардааст.

Қарор аст идомаи муҳокимаи ин парванда фардо 20-уми сентябр дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд сурат бигирад. Интизор меравад муҳокимаи ин парванда дар ҳафтаи ҷорӣ анҷом ёбад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110919_sq_urunboy_court.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *