Эътисоби кормандони нашрияи “Вечерный Душанбе”

Гурӯҳе аз кормандони ин нашрия бо шумули сардабири он Гулнора Амиршоева ва хабарнигорон Галина Дзутсева, Екатерина Пасторова, мусаҳҳеҳ Владимира Яковлев ва тарроҳ Далер Мӯъминшоев, рӯзи 18 январ бо нашри баёнияе тасмими дастаҷамъӣ ба қатъи фаъолияти худ дар ҷамъияти «Чархи гардун», молики нашрияи «Вечерний Душанбе»-ро эълом кардаанд.

Ба гуфтаи сардабири «Вечерний Душанбе», Акбаралӣ Саттор, молики ин нашрия, дар садади тавқифи ин ҳафтанома аст ва кормандони нашрия барои нигаҳдории он даст ба чунин иқдоме задаанд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Саттор мегӯяд қарор нест, ки вай чопи нашрияро мутаваққиф кунад ва ё касе аз кормандони онро аз кор сабукдӯш созад.

[b]»Барканории кормандон»[/b]

Аммо Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечерный Душанбе”, рӯзи чаҳоршанбеи 19 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз чанд моҳ пеш бад-ин сӯ дар мавриди мутаваққиф шудани чопи нашрияи онҳо суҳбатҳое анҷом мешавад.

Вай афзуд: «Дар авоили соли ҷорӣ Акбаралӣ Саттор Екатерина Пасторова, яке аз хабарнигорони босалиқаи мо ва қабл аз вай як корманди фанниро аз кор барканор кард. Сипас, оқои Саттор ба ман гуфт, ки баъди чанде нашрияро гурӯҳе ҷадид ба чоп хоҳад расонд.»

Хонуми Амиршоева гуфт, ки шаш корманди ин нашрия ба нишонаи эътироз ду рӯз аз кор даст кашидаанд ва онҳо мехоҳанд чопи нашрияи “Вечерный Душанбе”-ро худашон анҷом диҳанд.

Аммо Акбаралӣ Саттор, муассис ва молики ин нашрия, мегӯяд, ки нашрия моли вай аст ва касе ҳақ надорад ки онро батанҳоӣ ва бидуни ӯ ба чоп расонад.

Ҳамчунин, оқои Саттор афзуд, ки хонуми Пастороваро аз кор наронда ва танҳо барои чанд иштибоҳ дар навиштани як матлаб ӯро сарзаниш ё танбеҳ кардааст.

Оқои Саттор мегӯяд: «Ман масъулият дорам, ки барои роҳ додан ба иштибоҳ дар навиштани матолиб ба хабарнигорон машварат бидиҳам ва ё онҳоро сарзаниш кунам. Аммо касеро аз кор сабукдӯш накардаам ва чопи ҳафтаномаро низ қатъ нахоҳам кард.»

[b]Ихтилофи манофеъ?[/b]

Зимнан, Акбаралӣ Саттор, ки муассис ва молики чанд нашрия маҳсуб мешавад, ҳамзамон раиси Иттиҳодияи рӯзноманигророни Тоҷикистон аст. Ин созмон, ки садҳо рӯзноманигор ва корманди расонаҳоро гирдиҳам овардааст, мантиқан бояд дар баробари корфармоён аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дифоъ кунад.

Вале ҳоло ин суол матраҳ аст, ки оқои Саттор ба унвони раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорон аз хабарнигорони эътисобкунанда ҳимоят хоҳад кард ё ба унвони молики нашрияи «Вечерний Душанбе» ба дифоъ аз манофеъи молии худ хоҳад пардохт?

Оқои Саттор дар посух ба ин суол мегӯяд: “Ман қаблан ҳам изҳор карда будам, ки наметавонам раёсати иттиҳодияро бар ӯҳда дошта бошам, аммо пофишориҳои зиёди хабарнигорон дар ҷаласаи иттиҳодия маро водор кард, ки ин вазифаро бар ӯҳда бигирам.»

«Ман қаблан ба кормандони нашрияи “Пайкон”, ки даргири баҳс бо чопхонаҳо шуда буданд, гуфта будам, ки ин баҳсро бо Шӯрои расонаҳои хабарӣ ҳал кунанд.»

Оқои Саттор мегӯяд, ки сардабири нашрияи “Вечерный Душанбе” ва кормандони он низ метавонанд барои ҳалли ин мушкил ба ин шӯро муроҷеъа кунанд.

Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон иттиҳодияҳои рӯзноманигорон навъе иттиҳодияҳои коргарӣ ё синфӣ маҳсуб мешаванд, ки дар баробари манофеъи корфармоён ё моликони расонаҳо аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ё хабарнигорон дифоъ мекунанд.

Аммо ба гуфтаи соҳибназарон, Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон як ниҳоди бозмонда аз замони Шӯравӣ аст, ки то кунун бо воқеъиятҳо ва қавоъиди ҷомеъаи сармоядорӣ, бавижа дар заминаи ихтилофи манофеъ, худро созгор накардааст.

Сонсур ва худсонсурӣ

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, яке дигар аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон, мегӯяд, ки ин созмон танҳо баёнияи кормандони нашрияро дарёфт карда ва то ҳол касе ба онҳо расман барои ҳалли ин мушкил муроҷеъа накардааст.

Оқои Қаршибоев афзуд: «Агар чунин дархостро аз мо ҷонибе бикунад, мо метавонем бо баррасии амиқи ин қазия ба тарафҳои баҳскунанда барои ҳалли мусолиматомези он кумак кунем.»

Аммо дар ҳоле ки солҳои ахир дар Тоҷикистон даъвоҳои додгоҳӣ миёни шокиён ва хабарнигорон афзоиш ёфтааст, соҳибназарон бо ишора ба ин мушкил ба коҳиши матолиби интиқодӣ дар ҳафтаномаҳои ин кишвар ишора мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, хабарнигорон аз бими муҳокима нашуданашон даст ба худсонсурӣ мезананд.

Дар баёнияи хабарнигорони нашрияи “Вечерный Душанбе” низ ба ин мавзӯъ ишора шудааст, ки онҳо ҳамвора ба ҳангоми чопи матолиби марбут ба вазъи иҷтимоъию иқтисодӣ бо сонсур мувоҷеҳ шудаанд.

“Вечерный Душанбе” яке аз нашрияҳои кӯҳантарини чопи Душанбе буда 43 сол инҷониб дар Тоҷикистон нашр мешавад. Дар даврони Шӯравӣ ин ҳафтанома ба унвони рӯзномае мунташир мешуд ва дар он тозатарин ахбор ва матолиби таҳлилӣ аз пойтахти Тоҷикистони шӯравӣ мунташир мешуд.

Радиои Би-Би-Си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110119_zkh_massmedia_newspaper.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *