Эътирози журналистон ба Прокурори генералӣ мерасад?

Ҳотам Назаров, муовини аввали Прокурори генералӣ мегӯяд, ки дар мавриди фаъол гардонидани сомона ва ҷойгир кардани хабарҳои ҳаррӯза дар он, ба Прокурори генералӣ эътирози журналистонро мерасонад.

Тавре Назаров Ҳотам Назруллоевич, муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Faraj.tj иброз дошт, аз он, ки сайти Прокуратураи генералӣ http://www.prokuratura.tj/ ва раёсат оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеа фаъол нест, ӯ ҳатман ин эътирози рӯзноманигоронро ба Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон мерасонад.

Бояд гуфт, ки дар сайти Прокуратураи генералӣ зери гӯшаи «хабарҳои фаврӣ» хабари «Конфронс бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар Прокуратураи генералӣ» аз 4-уми нобяри соли 2014 пахш шудааст. Ҳамчунин, акси муовинони қаблӣ, ки ҳоло дар ин мақом нестанд, аз сайт ҳазф нашудаанд. Инчунин, бахши маркази матбуот фаъол нест ва дастрасӣ ба хабарҳои ин ниҳод каме мушкил гардидааст.

Вале Ҳотам Назруллоевич ваъда дод, ки аз мушкили мавҷуда ба Прокурори генералӣ хабар медиҳад ва камбудии ҷойдоштаро бартараф хоҳанд намуд.

http://faraj.tj/news/9182-etirozi-zhurnaliston-ba-prokurori-general1251-merasad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *