Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи таҳқиркунандае, ки 26 июни соли 2015 дар сомонаи нашриёти «Аргументы и Факты» бо номи «Страна гастарбайтеров. Специальный репортаж «АиФ» из Таджикистана» ба чоп расид, шинос гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ин робита бо намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо намояндагии нашриёти «Аргументы и Факты» дар Тоҷикистон суҳбат анҷом дода шуд, ки дар натиҷа маводи мазкур аз сомонаи нашриёт гирифта шуд.
Гуфта мешавад, ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷӣ ба Сафорати Россия дар Тоҷикистон ёддошт супорид, ки дар он нигаронии шадид доир ба мунтазам чоп гардидани чунин мақолаҳо дар ВАО-и Россия, ки ин дар навбати худ ба руҳияи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷавобгӯ намебошад, баён карда шуд. Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Россия даъват ба амал овард, то ҷиҳати роҳ надодан барои нашри чунин маводҳо, ки воқеъиятро нодуруст баён мекунанд, чораҳои лозима андешад.
Қаблан аз сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки ба маводи нашрияи «Аргументы и Факты»-и чопи Маскав — «Страна гастарбайтеров. Специальный репортаж «АиФ» из Таджикистана» вокуниши ҷиддӣ хоҳад шуд, зеро ба ғайр аз он, ки муаллиф ҳадафмандона авзои Тоҷикистонро бо ин рангу бо ин шеваи тамасхур ва таҳқиромез тасвир кардааст, боз аз он дарак медиҳад, ки худи ӯ саводи казоӣ надорад, ки ҷумҳуриҳои ҳамсояи мо — Қазоқистону Қирғизистонро низ дар ҳошияи кишварҳои дорои реҷаи раводид бо Тоҷикистон ном гирифтааст.
«Иддаои муаллиф, ки гӯё сокинони даҳҳо деҳоти минтақаи атрофи Кӯлоб хонахез ба Русия ба гадоӣ меоянд, дар доираи ягон воқеият намеғунҷад ва мояи тамасхурро дорад. Ҳадафи ниҳоӣ — ба кор гирифтани реҷаи раводид миёни Тоҷикистону Русия аст? Пас, аз дигар зовия, зовияи манфиатҳои худи Русия низ мебояд ба ин масъала назар дӯхт. На ин, ки ба ин ранг яктарафа баҳогузорӣ шавад. Ин иқдом ҳаргиз чавобгӯйи мақому мартабаи баланди кишварҳои дӯст ва шарикони воқеии стратегӣ нест ва нахоҳад буд», — қайд шуда буд дар хабари сафорат.
Зикр гардида буд, ки «ба сатҳи нашрияҳои «зард» поён рафтани «АиФ», ки дар Тоҷикистон ҳамчун нашрияи шинохта ва ҷиддӣ мақоми чашмгир дорад, касро ба андеша водор мекунад…».
http://news.tj/tj/news/etirozi-vkkh-ikiston-ba-chopi-mavodi-ta-iromez-dar-nashriyai-aif