Эътирози кормандони «Вечерний Душанбе» муқобили Акбаралӣ Сатторов

Кормандони нашрияи «Вечерний Душанбе» дар ҳайати сардабири ҳамин нашрия Гулнора Амиршоева, хабарнигорон Галина Дзутсева, Екатерина Пасторова, мусаҳҳеҳ Владимир Яковлев ва саҳифабанд Далер Муминшоев 18-уми январи соли 2011 дар бораи қатъ кардани фаъолияти меҳнатияшон дар ҶММ «Чархи гардун» аз сабаби муносибати дағалонаи муассиси нашрия изҳороти дастҷамъона пахш намуданд.

Аз ҷумла, дар изҳорот омадааст: «Мо аз фишороварии пайвастаи роҳбари кулли ҶММ «Чархи гардун» Акбаралӣ Сатторов нисбати мо тайи солҳои охир комилан розӣ нестем. Аз он ҷумла, аз ҷониби ӯ хӯрдагирии беасос ба рӯзноманигорон ва дигар кормандон, аз кор озод намудани ҳайати эҷодӣ аз сабаби хусуматҳои шахсӣ, роҳандозӣ намудани сензура ҳангоми таҳияи маводҳои мушкилоти иқтисодӣ-иштимоидошта ба хашм омадем».

Ҳамчунин, дар идомаи изҳорот гуфта мешавад: «Дар асоси ҳамин проблемаҳои ҷойдошта ҳайати кормандони нашрия ба ҳадди ниҳоӣ кам карда шуд. Мӯҳтавои нашрия ба маротиб коҳида, ба шӯҳрати ин нашрия ва обрӯи ҳайати эҷодӣ латма ворид намудааст».

Тибқи ин изҳорот, тайи ин муддат сардабири нашрия Гулнора Амиршоева ва рӯзноманигорон аз соҳибмулки нашрия чандин бор даъват ба амал овардаанд, ки шароити мусоиди корӣ ва техникиро ба роҳ монад, аммо аз ҷониби муассис ин пешниҳод рад карда шудааст.

Охирин сабри ҳайати эҷодии рӯзномаро эроди Акбаралӣ Саттров дар бораи бастани нашрия аз сабаби фоидаовар набудани он барҳам задааст.

Ба гуфтаи Г. Амиршоева, дар сӯҳбати охиронаш А. Сатторов изҳор доштааст, ки нашрияро аз сабаби зараровар буданаш ба ивази маблағи калон мефурӯшад ё нашри онро боз медорад.

«Мо ҳайати эҷодии нашрия тайи солҳои охир дар ин нашрия собитқадамона кор мекунем ва шӯҳрати онро боло бардоштем. Қобили қабул нест, ки нашрияи «Вечерний Душанбе»-ро банданд», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар поёни изҳорот кормандони нашрия гуфтаанд, ки тайёранд чопи мустақилонаи ҳафтаномаро бар дӯш бигиранд ва ҳамзамон аз ҳамкорон — рӯзноманигорон ва созмонҳои ҷамъиятӣ хоҳиш кардаанд, ки ин тасмимро дастгирӣ намоянд.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=10812&Itemid=30

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *